Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба узвияти Гурҷистон ва Укроин дар НАТО пойфишорӣ намекунад


Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс гуфтааст, кишвараш ба узвияти Гурҷистон ва Укроин дар Паймони Атлантики Шимолӣ пойфишорӣ намекунад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки вазирони НАТО ҳафтаи оянда дар Бруссел мулоқот хоҳанд кард. Райс афзуд, кумисюнҳои дуҷонибаи НАТО бо Гурҷистон ва Укроин ниҳодҳое ҳастанд, ки метавонанд равобити байниҳамиро таҳким диҳанд. Бино бар ин. гуфт Райс, зарурате ба баррасии тарҳи узвияти онҳо дар паймон дар марҳилаи ҳозира вуҷуд надорад. НАТО дар моҳи апрел тасмимгирии ин масъаларо то нишасти моҳи декабр дар Бруссел мавқуф гузошта буд.
XS
SM
MD
LG