Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 50 нафар аз тирандозиҳо дар Мумбайи Ҳинд


Мардони мусаллаҳ дар Мумбайи Ҳиндустон ба издиҳоми мардум тирандозӣ карда, чандин нафарро куштанд ва зиёда аз 200 нафарро захмӣ карданд. Ин ҳамлаҳо тақрибан ҳамзамон дар ду меҳмонсарои машҳур, вокзалҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳои серодам ба вуқӯъ пайваст. Раиси аёлати Маҳараштра, ки Мумбай маркази маъмурии он аст, мегӯяд, то ҳол аз кушта шудани 78 нафар хабар расидааст. Мақомоти шаҳр гуфтаанд, мусаллаҳон даҳҳо нафарро дар меҳмонсароҳо гаравгон гирифтаанд ва дар яке аз ин меҳмонхонаҳо бо номи "Тоҷмаҳал" сӯхтор ба амал омадааст. Полис бо ин мусаллаҳон вориди даргирист ва як гурӯҳи начандн шинохташудаи Деккан Муҷоҳидин масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG