Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дасти дароз»-и домана ба Хатлон расид


Дар ду моҳи ахир хурӯҷи домана дар Хатлон ва гирифтории теъдоди ҳарчи бештари сокинони водии Вахш ба ин мараз ба амал омадааст.

Мақомоти беҳдоштӣ ҳама гуна маълумоти марбут ба бемории доманаро, ба истилоҳ, зери муҳри «комилан махфӣ» нигоҳ дошта, аз суҳбат бо расонаҳои хабарӣ дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Ва бадеҳист, то чанде иттилоъ дастнорасу пӯшида нигаҳ дошта мешавад, сару садоҳо, тахмину тарсу шоеъаҳо дар миёни мардум ба мисли бемории домана доман паҳн мекунанд.

Наздик ба 100 сокини ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо гумони гирифторӣ ба бемории сироятии домана дар бемористони марказии ноҳия бистарӣ шудаанд. Амиралӣ Сафаров, муовини сарпизишки бемористони марказии ноҳияи Вахш, бо тасдиқи ин хабар гуфт, 60 дарсади беморони бистаришударо кӯдакони аз 5 то 14-сола ташкил медиҳанд. Ба қавли ӯ, иллати аслии гирифторӣ ба домана истифода аз оби ифлоси ҷӯйбор ва риъоят нашудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ будааст: «Манбаъҳои ифлоскунанда асосан ҳоҷатхона, ҳаммомҳо мебошанд, инчунин одамон косаву табақ, сарулибосашонро дар лаби ҷӯйбор мешӯянд, ки дар поёнтар аз оби он дигарон истеъмол мекунанд. Сабаби аслии пайдоиши домана бактерияи худи домана мебошад, ки дар оби нӯшиданӣ ё хӯрока метавонад мавҷуд дошта бошад. Вақте ки оби ифлос ва ё ғизое, ки дорои чунин бактерияи зараровар аст, истифода шавад, гирифтори бемории тифи шикам мегардад. Шояд аз ин ҷост, ки шумори беморони ба гумони домана бистаришуда дар бемористони марказии ноҳия нисбат ба солҳои гузашта бештар аст. Онҳо қариб 100 нафаранд».

А. Сафаров ҳамчунин гуфт, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хурӯҷи бештари домана 30 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, асосан сокинони ҷамоатҳои Тоҷикобод, «Дӯстӣ» ва «Роҳи Ленин» мардумро аз хатари ин беморӣ огоҳ месозанд, манбаъҳои сироятёбиро дар манозили гирифторони домана безарар мекунанд. Даҳҳо хонавода дар Вахш, ки ташнобҳояшон дар соҳили ҷӯйбору рӯдхона сохта шуда буд, ба муҷозоти маъмурӣ кашида шудаанд.

Фариштамоҳ, духтари тақрибан 12-сола, ки дар 25 рӯзи ахир аз домана муолиҷа мегирад, тасдиқ намуд, ки бар асари нӯшидани оби ҷӯйбор ӯ ва додараш бемор шудаанд: «Ман раҳ мегаштам, мағзи сарам мисле ки меҷунбид, аслан роҳ ҳам гашта наметавонистам, беҳол будам, пойҳоям дард мекарданд. Аз ҳамин ҷуйбори назди хонаамон об менӯшидем, мо водопровод надорем, ҳама аз ҷӯйбор об истеъмол мекунанд. Ҳамин тавр аз хонаи мо додарам ҳам бемор шуд, тасп мекард, ӯро ҳам ба бемористон оварданд…»

Гулбегим Бобохонова, сокини ҷамоати «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Вахш, ки ба аёдати фарзандаш ба бемористони марказии ноҳия омадааст, мегӯяд, ки дар се соли ахир духтари ӯ се маротиб ба домана гирифтор шудааст.

Дар як моҳи ахир дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ин чандумин ҳодисаи сироятёбии даҳҳо нафар ба домана мебошад. Пас аз нашри хабарҳо дар бораи гирифтории даҳҳо сокини ноҳияи Бохтар ба бемории домана низ иттилоъ расид, ки то 40 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Моҳи гузашта Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон бо таъйиди ин хабар ки 40 сокини ноҳияи Панҷ ба домана гирифтор шудаанд, изҳори нигаронӣ карда буд. Вале Хайриннисо Кенҷаева, муовини раиси ноҳияи Панҷ, иддаъоҳои Ситоди ҳолатҳои изтирориро рад карда, мегӯяд, дар гузашта воқиъан наздик ба 30 нафар дар бемористони марказии ноҳияи Панҷ ба гумони гирифторӣ ба домана бистарӣ шуда буданд, аммо феълан вазъ буҳронӣ нест. Ба қавли ӯ, дар гузашта ҳам Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон иттилоъи носаҳеҳро оид ба вазъи бемориҳои мусрӣ дар ноҳияи Панҷ то ба маъмурияти раиси ҷумҳур расонда буд: « Як кумиссиюни махсуси иборат аз намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент ва вазорати тандурустӣ аз Душанбе омада санҷиданд. Фактҳои ба дасти онҳо расида тасдиқи худро наёфтанд».

Дар ҳамин ҳол, Маркази вогиршиносии вилояти Хатлон эълом намуд, ки феълан дар беморхонаи ноҳияи Панҷ танҳо 7 бемори домана муъолиҷа мегиранд ва сару садоҳоро дар мавриди хурӯҷи ин беморӣ дар ин ноҳия ва ноҳияи Бохтар, ки гуфта мешавад, шумори гирифторон ба даҳҳо нафар мерасад, такзиб мекунад.

Ҳаким Худойбердиев, раиси Маркази вогиршиносии Хатлон: «Ҳозир азбаски мавсими хунукӣ омадааст, касалҳои бисёри вобаста ба сармо, мисли ОРЗ, зуком пайдо шудаанд. Ҳамчунин шумори беморони диққи нафас бештар шудааст ва мардум ин бемориро бо бемории домана шабоҳат медиҳанд. Бояд барои ҷилавгирӣ аз афзоиши шумори беморон сар карда аз мактаби миёна то ба ҳама мардум талаққӣ кард, ки аз нӯшидани оби ноҷӯшида ва оби ҷӯйборҳо худдорӣ кунанд. Аммо дар маҷмӯъ, ҷои ташвишу изтироб нест ва овозаҳо дар бораи он ки гӯиё бемористонҳо аз беморони домана пур шудаанд, беасосанд».

Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон ситоди оҷили ҷилавгирӣ аз хурӯҷи бемориҳои идоранашаванда, бавижа, доманаро таъсис додааст. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳама шаҳру навоҳии минтақа муваззаф шудаанд, манзил ба манзил гашта, шаҳрвандонро аз хатари домангустарии бемориҳои мусрӣ воқиф созанд. Бо ин ҳадаф танҳо дар ноҳияи Панҷ 46 гурӯҳи огаҳсози тиббӣ созмон ёфтааст.

Дар ҳоле, ки Шералӣ Бузмаков, сардори раёсати тандурустии Хатлон, мегӯяд «нафаре, ки иттилоъи оид ба бемориҳои сироятиро пинҳон мекунад, ҷинояткор аст», як пизишки масъул, ки ба табобати беморони домана машғул аст, гуфт, сардори Раёсати тандурустии Хатлон масъулини муассисаҳои табобатиро ғайрирасмӣ амр кардааст, ки маълумотеро оид ба шумори аслии гирифторони домана ба расонаҳо ироъа накунанд.

Дар ҳамин ҳол, беморони домана ва пайвандонашон мегӯянд, дар зарфи муъолиҷа ва нигоҳубин дар бемористон на 20 сомонӣ, тавре ки пизишкон мегӯянд, балки маблағи хеле бештар аз онро масраф кардаанд.

Тибқи омори расмӣ, дар вилояти Хатлон танҳо 18 дарсади аҳолӣ аз оби нӯшидании қубурҳо истифода мекунанду беш аз 80 дарсади дигар оби дарёву ҷӯйборҳоро менӯшанд ва бо хатари ҳамешагии сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун мувоҷеҳ ҳастанд.

Тибқи омори расмӣ, дар вилояти Хатлон танҳо 18 дарсади аҳолӣ аз оби нӯшидании қубурҳо истифода мекунанду беш аз 80 дарсади дигар оби дарёву ҷӯйборҳоро менӯшанд ва бо хатари ҳамешагии сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун мувоҷеҳ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG