Дар ҳамин ҳол, иддае аз таҳлилгарону коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, вазъи таъмини нерӯи барқ дар фасли сармо Қирғизистонро ба мушкилоти зиёд дучор хоҳад кард ва табдили раҳбари идораи барқи ҷумҳурӣ вазъиятро беҳбуд нахоҳад бахшид. Коршинос Алманбет Матиброимов мегӯяд, вай чунин мешуморад, ки иваз кардани вазири саноат, барқ ва маводи сӯхт вазъияти ба миёномадаро тағйир нахоҳад дод. Ин коршинос гуфт, бӯҳрони барқ фақат хоси Қирғизистон нест, балки ин бӯҳрон фазои соири кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст.
Аммо гурӯҳи дигари таҳлилгарони қирғиз табдили вазири саноат, барқ ва захираҳои маводи сӯхти кишварашонро роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони пешомада қаламдод мекунанд. Аз ҷумла, Валентин Богатирёв, таҳлилгари маъруфи қирғиз, зимни мусоҳиба бо нашрияи электронии «БишкекПрессКлуб» таъйини Илёс Давидови 67-сола ба ин мақомро оғози ислоҳот дар бахши энерҷии барқи кишвараш арзёбӣ кардааст. Ба таъкиди Валентин Богатирёв, ҳама сол баъди тобистон тирамоҳ ва баъди он зимистон меояд ва аз паси пуробӣ мавсими камобӣ низ фаро хоҳад расид, ки нодида гирифтани он ғайриқобили қабул мебошад. Ба гуфтаи ин коршинос, мусоидат накардани шароити обу ҳаво низ ҳаргиз дар боби ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҳодисаҳои марбут ба бӯҳрони энерҷии барқ, ки имрӯз кишвараш ба он рӯ ба рӯст, баҳона шуда наметавонад.
Ҷанқороз Қониметов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ба мақоми вазири саноат, барқ ва маводи сӯхт шахсе бояд таъйин мешуд, ки ҷавон бошад, рцҳи замонро дарк кунад ва аз ришватхорӣ парҳез карда тавонад. Ин манбаъ афзуд, ҳарчанд Илёс Давидов дар бахши энерҷии барқи Қирғизистон солҳои зиёд фаъолият кардааст, вале маълум нест, ки дар мавриди иҷрои ин вазифа то куҷо қодир аст.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз намояндагони мухолифин бо истифода аз вазъи бӯҳронии энерҷии барқ дар кишвар даъво мекунанд, ки вазъият фақат баъди истеъфои раисҷумҳур ва ҳукумат рӯ ба беҳбуд хоҳад овард. Ба гуфтаи намояндагони мухолифини қирғиз, дар акси ҳол Қирғизистон ба вартаи бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.