Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Владикавказ кушта шуд


Виталий Караев, мири шаҳри Владикавказ, пойтахти Осетияи Шимолӣ, дар натиҷаи сӯиқасд кушта шуд.

Хабаргузориҳо навиштаанд, афроди номаълум ба сӯи мошини Виталий Караев, мири шаҳри Владикавказ соати тақрибан 11-субҳ ба вқати Душанбе тир мепарронанд.

Виталий Караев ҷароҳатҳои сангин бардошта, дар беморхона даргузашт.

Барои таҳқиқи ҳодиса, бар иловаи мақомоти интизомии маҳаллӣ, намояндагони Маскав низ ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG