Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ додрасро барканор мекунад


Додситонии Русия бе эълони сабаб ба раиси додгоҳи айбдоршавандагон дар қатли журналист Анна Политковская изҳори нобоварӣ кард.

Имрӯз қарор аст, муҳокима дар Маскав идома кунад. Эҳтимол меравад, дар ин ҷаласа дар мавриди барканор кардани додгустари муҳокима Евгений Зубов қарори ниҳоӣ эълон шавад.

Додгоҳ сабаби ин тасмимро расман эълон накардааст, вале ба гуфтаи вакилони ҳуқуқӣ айбдоркунандаи давлатӣ тақозо дорад, раиси муҳокима аз ин вазифа дур карда шавад. Яке аз вакилони ҳуқуқии айбдоршавандагон гуфтааст, айбдоркунандаи давлатӣ бар ин аст, ки додраси муҳокима Евгений Зубов на бетарафона, балки бо пешқазоват ба парванда бархӯрд мекунад.

Аммо вакили дигари айбдоршавандагон мегӯяд, иҷоза додани додрас ба муҳокимаи рушод сабаби асосии беэътимодӣ ба ӯ шудааст. Зимнан, дар оғоз додрас эълон крада буд, ки муҳокима дар паси дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт.

Ҷаноби Зубов ин тасмимро хости ҳайати мунсифа ё доварони мардумӣ номид, ки гӯё гуфтаанд, аз амнияти худ нигарон мебошанд. Доварони мардумӣ дар изҳороте ин нуктаро рад карданд ва гуфтанд, тарафдори муҳокимаи ошкоро ҳастанд, вале бе ширкати телевизион.

Дар ҷаласаи рӯзи сешанбе ба ғайр аз намояндагони телевизион хабарнигорон, кормандони радио ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳузур доштанд. Аммо дархост шуд, ки ба ҳеҷ гуна аксбардорӣ роҳ дода нашавад. Вале пас аз 15 дақиқаи оғози кори додгоҳ аз журналистон хоста шуд, якҷо бо ҳайати мунсифа толорро тарк кунанд, зеро додгоҳ бо масъалаҳои ташкилӣ ва умумӣ машғул хоҳад гашт. Бархе аз журналистон ин амалро ғайриқонунӣ номиданд ва мегӯянд, тибқи қонун танҳо ҳайати мунсифа мебоист аз толор хориҷ мешуд.

Вакили хонаводаи Анна Политковская Карина Москаленко бар ин аст, ки бидуни ширкати хабарнигорон наметавон муҳокимаро ошкоро шумурд.

Хонуми Москаленко мегӯяд, "масъалаҳои ташкилии додгоҳ бе ширкати ҳайати мунсифа баррасӣ мешаванд. Додрас манфиатдор аст, ки ҳайати мунсифа тартиби кори додгоҳро надонад. Яъне додрас бояд амалан тавре кор кунад, ки доварони мардумиро аз ҳама гуна таъсири масъалаҳое, ки ба моҳияти асосии парванда дахл надоранд, эмин гардонад."

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки яке аз аъзои ҳайати мунсифаи додгоҳ, Евгений Колесов, бо сабаби мусоҳиба доданаш ба радиои "Эхо Москви" аз узвият дар ин ҳайат маҳрум гардид. Дар ин мусоҳиба вай гуфт, ки доварони мардумӣ хостори паси дарҳои баста ҷараён гирифтани муҳокима набуданд. Барои онҳо матни тайёре оварда шуд ва талаб шуд, ба зери он имзо гузоранд. Ҳайати мунсифа ин пешниҳодро рад кард, бо вуҷуди ин муҳокима махфӣ эълон шуд.

Нашрияҳои Русия ба нақл аз вакили айбдоршаванда Мурод Мӯсоев гуфтаанд, дар парванда иттилоъе мавҷуд аст, ки фармоишгари қатли Анна Политковская, мунаққиди сарсахти ҳукумати Русия, ки дар моҳи октябри соли 2006 дар назди манзилаш кушта шуд, яке аз сиёсатмадорони Русия мебошад, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия ба сар мебарад.

Худи ҷаноби Мӯсоев низ ин иттилоъро тасдиқ карда ва гуфтааст, ин маълумот дар парванда аз ибтидо мавҷуд буд. Аммо коршиносон тааҷҷуб мекунанд чаро дар он сурат мақомоти додситонӣ аслан ин иттилоъро ба ҷомеъа нарасондаанд.
XS
SM
MD
LG