Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мӯҳлати поёни ҷанг дар Афғонистонро талаб кард


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, дар дидоре бо ҳайати Шӯрои Амнияти Созмони Милал талаб кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ мӯҳлати поёни мудохилаи хориҷӣ дар кишварашро муқаррар намояд. Намояндагон дастгоҳи Карзай гуфтаанд, раисиҷумҳур мехоҳад, муайян кунад, ки "ҷанги Амрико зидди терроризм" дар Афғонистон боз чӣ қадар идома хоҳад кард ё беҳтар аст, ҷӯёи ҳалли сиёсӣ бо Толибон шуд. Ҳайати Шӯрои Амният, ба ҷумлаи сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, зодаи Афғонистон, Залмай Халилзод барои омӯзиши авзоъ ба ин кишвар сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG