Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ИА ба кишварҳои Осиёи марказӣ


осе Мануэл Барросо, раиси кумисюни ИА
осе Мануэл Барросо, раиси кумисюни ИА

Иттиҳодияи Аврупо ҳаҷми кумакҳояш ба Осиёи Марказиро ду баробар афзудааст.

Виктор Андреса Малдоналдо, сарвари бахши Осиёи Марказии Раёсати Кулли равобити хориҷии Кумисиюни Аврупо, таййи ҷаласаи 8-уми Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, Аврупо аз густариши буҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст, ва аз ин хотир ба хулосае расидааст, ки ба ин иқдом даст занад: «Мо ҳаҷми кумакҳои молиявиамонро дар Осиёи Марказӣ зиёд кардем, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ки яке аз умдатарин кишварҳои мавриди кумакҳои мост. Агар қаблан барои Тоҷикистон тибқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2007 – 2010 66 миллион доллар ҷудо шуда буд, ҳоло ин маблағ ду баробар хоҳад афзуд ва мо инро бояд бо шумо маслиҳат кунем, ки дар кадом соҳаҳо».

Оқои Малдоналдо афзуд, Тоҷикистон метавонад дар ин маврид худ пешниҳод кунад, зеро стротежӣ моли кишварҳост, на ба хотири хуш кардани Иттиҳодияи Аврупо. Вай инчунин гуфт, ки барои ИА беҳтар мебуд, ки сармояи иловагӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти энержӣ, кишоварзӣ, буҷа ва ҷомиъаи шаҳрвандӣ истифода шавад.

Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисод ва рушди Тоҷикистон, аз аз ин иқдоми Иттиҳодияи Аврупо истиқбол намуда, гуфт, ки кишвараш дар пушти сар кардани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо интизориҳо дорад. Бар асари ин буҳрон, таъкид намуд ӯ, интиқоли маблағ ба бонкҳои кишвар коҳиш ёфта, талаботи дохилӣ низ кам мешавад, ки ин боъиси кам шудани воридот ба кишвар хоҳад шуд. Оқои Бобозода: «Буҳрон муҳоҷирини кории тоҷикро низ дар канор намегузорад, ки эҳтимол дорад аксари онҳо аз ҷойҳои кории худ маҳрум шаванд. Поён рафтани қимати пахтаву алюминиум аз дигар нигарониҳои мост, ки воридоти пешбинишудаи маблағро ба кишвар таҳти суъол хоҳад гузошт».

Мушкили дигаре, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳайъати Кумисиюни Аврупо ироъа доштанд, буҳрони эҳтимолии шадиди энержӣ дар зимистони оянда дар кишвар аст. Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири саноат ва энержии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи ба кор андохтани 20 нерӯгоҳи хурд, шурӯъи интиқоли барқи Туркманистон ва маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе вазъи барқрасонӣ дар кишвар беҳбуд ёфтааст, аммо вазъи обанбори нерӯгоҳи Норак, умдатарин тавлидгари барқи Тоҷикистон нигарониҳои кишварро афзудааст: «Мутаассифона, бояд иқрор шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи нерӯгоҳи Норак обанбораш имсол пур нашуд. Зимистони хеле сард ва дар паяш хушксолӣ буд. Бар асари камобӣ мо аз ҳудуди 900 миллион киловат-соат барқ маҳрум шудем».

Интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон, ки тибқи тавофуқ бояд 1 сентябр оғоз мешуд, афзуд Муҳиддинов, пас аз ду моҳ сурат гирифтааст ва дар натиҷа кишвар 400 млн киловат-соат барқро аз даст додааст.

Тоҷикистон яке аз 5 кишвари Осиёи Марказист, ки дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нақши вижаи худро дорад. Мақомоти урупоӣ ҳадафи аслии ин стротежиро, ки соли гузашта қабул шуда буд, таъмини бидуни мушкили интиқоли захираҳои энержии Осиёи Марказӣ ба Аврупо арзёбӣ мекунанд.

Аммо Тоҷикистон, ки газу нафт надорад, дар ин стратегия чӣ нақш дорад? Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа нақши бузург дорад, аз ин хотир, дар Стратегия таъмини амният дар марзи Афғонистону Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ҳамкориҳои ду ҷониб аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки бо вуҷуди афзойиши кумаки Аврупо ба минтақа ва Тоҷикистон ҳадафи аслӣ, яъне амнияти минтақа, ҳамоно таҳти суъол хоҳад монд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, бо ин нақше, ки ИА барои Тоҷикистон қойил шудааст ва ин кумакҳое, ки мекунад, на ин ҷониб ба ҳадаф мерасад ва на ҷониби дигар. Аврупо, ки ҳоло соҳиби нерӯи хеле бузурги саноатӣ мебошад, мегӯяд ӯ, бояд барои барқарор кардани саноъати Тоҷикистон ва эҳдоси иншоъотҳои энержӣ дар Тоҷикистон сармоя гузорад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ 500 млн. евроро ташкил мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир иттиҳодияи мазкур танҳо як намояндагӣ барои се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – дар Остона дорад.

Виктор Андреса Малдоналдо, сарвари бахши Осиёи Марказии Раёсати Кулли равобити хориҷии Кумисиюни Аврупо тазаккур дод, ки соли оянда дар тамоми ин кишварҳо, ба ҷуз Узбакистон, Иттиҳодияи Аврупо намояндагиҳои худро боз хоҳад кард.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
XS
SM
MD
LG