Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибанд дар Кобул бо Карзай мулоқот кард


Вазири хориҷаи Бритониё Девид Милибанд дар ҷараёни сафари ғайримунтазирааш ба Афғонистон, дар Кобул бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот кард. Сафорати Бритониё мегӯяд, Милибанд шоми душанбе вориди Афғонистон шуд. Бритониё феълан дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО фаъолият мекунанд, ҳудуди 8 000 сарбоз дорад. Бахши аъзами асокири Бритониё дар вилояти Ҳилманд, ки як пойгоҳи ҷангиёни толиб маҳсуб мешавад, мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG