Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ миллиард доллар барои суботи иқтисод


Ҳукумати Қазоқистон барои таъмини суботи иқтисод ва бахши молӣ дар соли 2009 ва 2010 тарҳи вижаеро қабул намуд ва барои пиёдасозии ин барнома 10 миллиард доллар тахсис хоҳад дод.

Ба ин тарҳ кобинаи вузарои кишвар дар ҷаласае, ки рӯзи сешанбеи 25 ноябр доир гардид, якдилона раъй дод. Карим Масимов, нахуствазири кишвар дар ҷаласа гуфтааст, ки ин барнома ба ҳама пурсишҳое, ки дар назди аҳли ҷомеа пайдо шудаанд, посух хоҳад дод. Нахуствазир ёдовар шудааст, ки он тибқи супориши раисҷумҳур аз панҷ самт иборат аст ва барои пиёда кардани ин тарҳ 2,2 триллион танга масраф хоҳад шуд, ки ин тақрибан муодили 20 дарсади кулли маҳсули нохолиси кишвар аст. Аз ҷумла, барои таъмини бахши устувори молӣ 4 миллиард доллар, барои суботи бозори манзил 3 миллиард ва барои пуштибонӣ аз тиҷорати хурду миёна, рушди босуръати маҷмӯи саноативу кишоварзӣ ва пиёдасозии тарҳҳои бузурги инноватсиониву бунёди корхонаҳои бузург як миллиард долларӣ тахсис дода хоҳад шуд.

Нахуствазир таъкид кардааст, ки ин тарҳ, ба истилоҳ, ҳавоӣ нест ва он барномаи мушаххас буда, маблағи он аз ҷониби ҳукумат, Сандуқи миллӣ ва сандуқи пасандози бознишастагӣ таъмин мегардад. Оқои Масимов ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки ин барнома нахоҳад гузошт, ки дар Қазоқистон чун дар баъзе кишварҳо вазъ душвор гардад ва ин тадбир имкон хоҳад дод, кишвар бӯҳрони ҷаҳониро бо иқтисодиёти наву нерӯманд ва рақобатпазир паси сар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG