Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хости Путин аз Обама дар бораи сипари зиддимушакӣ


Влодимир Путин-нахуствазири Русия аз Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико хостааст, ки аз нақшаҳои истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо сарфи назар кунад. Путин дар нишасти хабарие роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар гуфт, ки тарҳи пешбинишудаи сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистон ва ҷумҳурии Чех, ба гуфтаи вай "бар зидди стротегияи эҳтимолии Русия нигаронида шудааст:


"Ҳар далеле, ки ҳамкорони амрикоии мо наоранд, барои мо комилан рушан аст, ки ин тарҳ бар зидди қудрати стротегии Русия нигаронида шудааст ва мо наметавонем ба он посухи сазовор надиҳем. Фақат маълум нест, ки аз ин кор кӣ бурд хоҳад кард. Вале маълум аст, ки ҷаҳон дар маҷмуъ ва ба вижа Аврупо бозанда хоҳад шуд".

Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ Русия эълон кард, ки дар посух ба сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо мушакҳои "Искандар"-и худро дар Калининград мустақар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG