Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба Маскав ҳайати фаврӣ мефиристад


Ҳукумати Укроин ба ҳайате аз ширкати давлатии "Нафтогаз"-и худ дастур додааст, ки ба зудтарин фурсат барои музокира бо "Газпром"-и Руссия ба Маскав сафар кунад. Ин дар ҳолест, ки Маскав таҳдид кардааст, ки барои пардохт накардани 2 милярду 400 милён доллар қарзи пули гоз интиқоли онро ба Укроин аз аввали моҳи январ қатъ мекунад. Аммо "Нафтогаз"-и Укроин мегуяд, ки аз "Газпром" қарздор нест ва 1-милярду 260 милён қарзи он аз РосУкрЭнерго, яъне аз ширкати миёнарав мебошад.

XS
SM
MD
LG