Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуруҳи иқтисодиашро муъаррефӣ мекунад


Имруз Борак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико аъзои ҳукумати худро дар бахши иқтисод муъаррефӣ мекунад. Ин гуруҳ дар садри сиёсатҳои иқтисодии Обама қарор хоҳад гирифт ва бояд бо сахттарин буҳрони иқтисодӣ аз замони Афсурдагии Шадид дар солҳои 1930-юми қарни гузашта дасту панҷа нарм кунад. Обама гуруҳи иқтисодии ҳукумати худро дар нишасти хабарие ҳудуди соъати 22-и вақти Тоҷикистон эълон мекунад. Обама рузи шанбе гуфт, гуруҳи иқтисодии вай барномаи бозсозии иқтисодро таҳия мекунанд, ки тибқи он дар ду соли оянда бояд дар Амрико 2,5 милён ҷои кор ба вуҷуд ояд.

XS
SM
MD
LG