Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тирандозӣ ба корвони мошинҳоро рад кард


Дар ҷараёни таҷлили панҷумин солгарди инқилоби садбаргии Гурҷистон ташаннуҷ миёни ин кишвар ва Русия ҷиддан афзоиш ёфт. Тифлис Маскавро ба он айбдор мекунад, ки сарбозонаш дар Осетияи Ҷанубӣ ба сӯи мошини президентҳои Гурҷистон ва Лаҳистон тирандозӣ карданд. Касе осеб надидааст. Ду президент мехостанд аз вазъи паноҳандагон, ки дар моҳи август аз ҷанги байни Русия ва Гурҷистон манзили худро тарк кардаанд, дидан кунанд. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, иттиҳомотро рад карда, худи Гурҷистонро ба иғвоангезӣ айбдор намуд. Дар паёми телевизионияш, президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ аз гурҷиҳо даъват кард, монанди рӯзҳои инқилоби садбаргии панҷ сол пеш дар баробари "таҳдиди хатарнок"-и Русия муттаҳид шаванд. Президенти Лаҳистон, Лех Качински гуфт, маълум набуд, тирандозӣ ба сӯи мошинҳо сурат гирифт ё ба осмон.
XS
SM
MD
LG