Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин мулоқоти Буш ва Олмерт дар Кохи Сафед


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш имрӯз дар Кохи Сафед бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мулоқот хоҳад кард. Ба эҳтимоли зиёд, ин охирин мулоқоти онҳоба ҳайси мақомоти давлатист, зеро моҳи январ Буш курсии раёсатҷумҳурии Амрикоро тарк хоҳад кард. Олмерт ҳамчунин бо сабаби айбномаи фасод дар моҳи феврал аз мақомаш барканор хоҳад шуд. Гуфтушуниди имрӯза асосан ба барномаи ҳастаии Эрон тамаркуз хоҳад дошт. Исроил низ мисли Иёлоти Муттаҳида, Теҳронро дар талошҳои махфи бунёди силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунад. Вале Эрон ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Буш ва Олмерт эҳтимолан сулҳи Исроил ва фаластиниҳоро низ баҳс хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG