Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши худкушӣ дар интернет


Донишҷӯи 19-солаи яке аз коллеҷҳои ИМА худкушиашро ба таври мустақим дар интернет намоиш додааст. Абраҳам Биггс чанд соат пеш аз сӯиқасд ба ҷонаш тариқи саҳифаи интернетӣ дар ин бора эълон пахш намуд. Биггс ҳафтаи равон дар рӯ ба рӯи камераи компютер миқдори зиёди давои зидди афсурдагӣ истеъмол намуда, ба ҳалокат расид. Полис мегӯяд, баъзе бинандагон ӯро ба худкушӣ ташвиқ кардаанд, дигарон баръакс машварат додаанд, ки аз ин кор даст кашад ва билохира гурӯҳи сеюм то охир бар ин фикр будааст, ки ин як шӯхист.

Полис ва мизбони саҳифаи интернетӣ баъд аз худкушӣ дар бораи ин ҳодиса хабар ёфтаанд. Маълум нест, ки худкуширо чанд кас тамошо карда буданд.
XS
SM
MD
LG