Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар Эрон


Кумитаи калидии СММ лоиҳаи қатъномаи маҳкумкунандаи поймолшавии ҳуқуқи башар дар Эронро ба тасвиб расонд. Ин лоиҳаро кишварҳои ғарбӣ тартиб додаву Канада матраҳ намудааст. Тахмин мешавад, ки моҳи оянда 192 узви Маҷмаи кулли СММ онро тасдиқ хоҳанд кард.

Рӯзи ҷумъа дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мансабдорони эронӣ натавонистанд аз раъйдиҳӣ ҷилавгирӣ кунанд. Дар натиҷа 70 кишвар тарафдор ва 51 кишвар муқобили он баромаданд. 60 мамлакат аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар лоиҳа "нигаронии амиқ" аз таъқибу шиканҷа дар Эрон иброз шудааст. Гуфта мешавад, ки дар Эрон шиканҷа, муомилаи золимона, ғайриинсонӣ ва муҷозоти шабеҳи латту кӯб ва қатъи аъзои бадан ҷой дорад. Ҳамчунон дар лоиҳа муҷозоту таъқиби ақаллиятҳо ёд шудааст.
XS
SM
MD
LG