Собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннан ва собиқ президенти ИМА Ҷиммӣ Картер маҷбур шуданд сафарашон ба Зимбабверо лағв намоянд, зеро ҳукумати зери раҳбарии президент Роберт Мугабе ба онҳо раводиди зиёрат аз ин кишварро тақдим накард. Аннан, Картер ва як идда симоҳои шинохтаи байналмилалӣ мақсад доштанд, ки бо ҳадафҳои башардӯстона аз Зимбабве зиёрат кунанд. Рӯзи шанбе дар як нишасти матбуотии муштарак дар шаҳри Йоҳаннесбург Ҷиммӣ Картер гуфт, ки кӯшишҳои собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ Табо Мбекӣ барои гирифтани иҷозати сафар ба Зимбабве ноком шуданд. Мбекӣ дар рафъи бӯҳрони сиёсии Зимбабве миёнаравӣ мекунад. Ҳукумати Зимбабве ин хабарро ташреҳ надодааст.