Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гузаргоҳҳо бо Ғазаро боз карданӣ нест


Мақомоти Исроил изҳор карданд, ки бо вуҷуди нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди вазъи башарӣ дар Навори Ғаза марзҳо бо он минтақаи Фаластинро боз нахоҳанд кард. Петер Лемер, намояндаи вазорати дифоъи Исроил гуфт, ки ин тасмим – посух ба мушакборон аз қаламрави Фаластин ба ҷануби Исроил аст.

Рӯзи ҷумъа Созмони Милали Муттаҳид аз Исроил талаб кард, ки гузаргоҳҳо бо Навори Ғазаро боз кунад, зеро бастани онҳо хилофи қавонини байнулмилалист. Ба иттилоъи СММ, Навори Ғаза дар пешорӯи бӯҳрони башарӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG