Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоюлҳои ҷаҳонӣ то соли 2025


Коршиносони Шӯрои миллии иктишофии Амрико ҳадс задаанд, ки ҷаҳон тайи 20 соли оянда тағйир хурда ба маротиб хатарбортар хоҳад шуд.

Муаллифони гузориши "Тамоюлҳои ҷаҳонӣ то соли 2025" ду даҳсолаи ояндаро “давраи гузариш ба системи нави равобити байнулмилалӣ” хонда гуфтаанд, ки ин гузариш хатарҳои зиёд ба думбол хоҳад дошт. Аз нигоҳи онҳо, камбуди захоири минералӣ, энерҷӣ ва озуқа, тайғири иқлим бар асари партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, фаровонии силоҳ - аз таҳдидҳои умда ба системи нави ҷаҳонӣ хоҳанд буд.

Дар гузориш ҳадс зада шудааст, ки ИМА мавқеъи худ чун абарқудрати иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсии ҷаҳонро аз даст хоҳад дод. Дар ин муддат абарқудратҳои нав пайдо мешаванд ва ҳарчанд Амрико миёни онҳо дар хатти аввал қарор хоҳад дошт, аммо нуфузи низомияш коҳиш хоҳад ёфт. Дар гузориш зикр шудааст, ки дар ин давра чанд кишвар, аз ҷумла Чин ба таври бесобиқа рушд хоҳанд кард: “Тайи 15-20 соли оянда кам кишварҳо амсоли Чин ба вазъи ҷаҳон таъсири бузург хоҳанд гузошт. Агар равандҳои феълӣ боқӣ бимонанд, то соли 2025 иқтисоди Чин дар ҷаҳон дуввум ва нерӯи низомияш аз аввалинҳо хоҳад буд. Кишвар ҳамчунин бузургтарин содиркунандани захоири табиӣ хоҳад шуд ва фазоро назар ба имрӯз бештар ифлос хоҳад кард”.

Аз нигоҳи муаллифони гузориш, Ҳиндустон низ ба рушди беҳамтои иқтисодӣ муваффақ хоҳад шуд. Вале ҳамзамон тафриқа миёни афроди дорову фақир дар ин кишвар жарфтар шуда ба мушкили сангинтари сиёсӣ табдил меградад. Дар матлаб омадааст, мақомоти Ҳинд Вошингтонро чун сарпарасти низомиву иқтисодӣ қабул надоранд ва аммо Деҳлӣ ба хотири ҳифзи марзҳои худ аз Чин талоши таҳкими равобит бо Амрикоро хоҳад кард.

Дар гузориши "Тамоюлҳои ҷаҳонӣ то соли 2025" ба афзоиши нерӯи се кишвари мусалмонӣ - Индонезӣ, Туркия ва Эрон ҳам ишора шудааст. Ҳамзамон муаллифон талошҳои густардаи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ дар Ховари Миёнаро пешгӯӣ кардаанд, ки ин раванд, аз нигоҳи онҳо, ба дасти гурӯҳҳои ваҳшатафкан уфтодани силоҳи ҳастаиро мумкин мегардонад. Аз сӯи дигар, ҳадс зада шудааст, ки талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ дар минтақа низоъи миёни Исроилу Фаластин ва мухолифати кишварҳои Ховари Миёна барои захоири табиӣ, аз ҷумла, обро амиқтар хоҳад кард.

Муаллифони гузориш ҳамчунин пешгӯӣ кардаанд, ки коҳиши нафту газ дар системи энерҷии ҷаҳон чанд кишвар, аз ҷумла, Арабистони Саъудӣ, Русия ва Эронро ба мушкилоти бузурги молӣ мувоҷеҳ хоҳад кард, ки пайомади он ислоҳоти сиёсӣ ва ё ҳатто табдили режимҳо дар ин мамолик хоҳад буд. Дар матлаб ҳамчунин ҳадс зада шудааст, ки то соли 2025 Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ муттаҳад шуда ин нимҷазира ба минтақаи орӣ аз силоҳ, аз ҷумла, силоҳи ҳастаӣ табдил меёбад. Аҳолии олам тайи 15-20 соли оянда боз тақрибан як миллиарду 200 миллион нафар афзоиш ёфта ба марзи 8 миллиард наздик мешавад. Афзоиши аҳолӣ, асосан, аз ҳисоби кишварҳои Осиё ва Африқо сурат хоҳад гирифт. Муаллифони гузориш пешгӯӣ кардаанд, ки то соли 2025 шумораи аҳолии Ҳиндустон назар ба Чин бештар хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз таҳияи ин гузориш аз сӯи Шӯрои миллии иктишофии ИМА – огаҳ кардани раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама аз мушкилотест, ки ҳукумати ӯ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Зимнан, дар гузориши пешини ин Шӯро, ки чаҳор сол пеш нашр шуда дар он таҳаввулоти ҷаҳон то соли 2020 пешгӯӣ шуда буд, муаллифон бо бовари комил ҳадс зада буданд, ки ИМА қудрати бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва низомии худро дар ҷаҳон ҳифз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG