Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гандуму картошка ба ҷойи пахта?


Тоҷикистон шурӯъ аз соли оянда дар ҳудуди 20 дарсади замини пахта гандуму картошка кишт хоҳад кард.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба иллати иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта, тасмим дорад, дар соли оянда ҳаҷми майдони кишти пахтаро ҳудуди 20 дарсад коҳиш диҳад.

Саидмурод Баҳридинов, раиси райёсати растанипарварии ин вазорат мегӯяд, номуваффақ шудани давлат дар арсаи пахтапарварӣ ин вазоратро водор ба коҳиши кишти пахта кардааст. Оқои Баҳридинов меафзояд, вазорати кишоварзӣ ҳамакнун мехоҳад, ба ҷои пахта дар соли оянда дар қисмате аз майдонҳо зироатҳои дигаре чун гандуму картошка кишт кунад. Ба қавли вай кишти пахта соли равон бар тибқи нақша дар 237 ҳазор ҳектор замин сурат гирифтааст, ва кишоварзон бояд аз ин замин 553 ҳазор тон пахта ҳосил мегирифтанд, вале имсол низ монанди солҳои пешин иҷроиши ин нақша номумкин гардидааст.

Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзӣ феълан аз 553 ҳазор тони нақшаи ҷамъоварии пунба, фақат 331 ҳазор тон ҳосил гирифта шудааст, ки ин 84 ҳазор тонна аз нишондиҳандаи ҳамин давравии соли гузашта камтар будааст. Саидмурод Баҳриддинов, мегӯяд, омилҳое, чун камтар кишт шудани пунба, камбуди об ва норасои нуриҳои маъданӣ, боис ба он гардидаанд, ки дар Тоҷикистон ҳосили хуби пахта нарӯидааст. Вай ба сурати мисол гуфт, соли равон ҳудуди 60 дарсади киштзорҳои Тоҷикистон бо нуриҳои маъданӣ таъмин набуданд. Ва ё дар вилояти Суғд бо иллати камобӣ дар 13 ҳазор ҳектор замин пунба наруидааст.

Аммо Ваҳоб Воҳидов, коршиноси масоили кишоварзӣ дар ихтиёри кишоварзон, кам будани васоили фаннӣ мошину тракторҳоро иллати аслии рушд накардани соҳаи пунбапарварӣ ҳисобида мегӯяд, маҳз бо ин сабаб заминҳои пахтапарварӣ сол аз сол ғайри қобили истифода мешаванд. Ва дар натиҷа ҳосили дилҳоҳи пунба ба дасти кишоварзон намеояд.

Вале Муҳаббат Холназоров, коршиноси дигари масоили кишоварзӣ, шеваи нодурустии обёриии заминҳои пахтапарвариро иллати аслии иҷро нашудани нақашаи тавлиди пахта меҳисобад. Ӯ мегӯяд, бо иллати аз меъёр зиёд обдиҳии пунба, ҳаҷми зиёди майдонҳои пунба ҳарсол ба шӯразор табдил меёбанд.

Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон аз ҳар 1 тонна пунба аз 80 то 110 доллари амрикоӣ даромад мегирад. Коршиносон мегӯянд, ба ин далел кишоварзони Тоҷикистон аз иваз намудани пахта ба гандум ё картошка ҳеҷ зарар намебинанд, Ба гуфтаи онҳо, аз кишти гандуму картошка бештар аз пунбапарварӣ даромад гирифтан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG