Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳои баҳрии асри 21


Дар кишвари ҷангзада ва нокоме, ба мисли Сомалӣ, ки иқтисодаш аз кор мондааст, роҳзанҳои баҳрӣ тоҷирони сердаромад ва муввафақтарин ба ҳисоб мераванд.

Ин роҳзанҳо ба гуфтаи Созмони Милал танҳо дар соли равон аз ҳисоби роҳзанӣ ва тороҷи киштиҳову гирифтани хунбаҳо аз 25 то 30 миллион доллар ба даст овардаанд, ки барои Сомалии фақиру дастнигари ҷомеъаи байнулмилал пули тассавурнопазир аст.

Иштиҳои ин роҳзанон, зоҳиран бузургтар мешавад, ки онҳо рӯзи шанбе ҷасурона яке аз киштиҳои азимтарини нафтбари ҷаҳонро рабуданд, ки дар ҳаҷми 100 миллион доллар нафти хом дорад. Дар маҷмӯъ дар даҳ моҳи гузашта роҳзанони баҳрӣ дар соҳилҳои Сомалӣ 65 киштии тиҷоратиро рабудаанд. Бо афзоиши бедодгарии роҳзанони баҳрӣ акнун кишварҳои ҷаҳон ба андешаи аз байн бурдани онҳо афтодаанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Шон Маккормак рӯзи чаҳоршанбе гуфт, кишвари ӯ ва чандин кишвари дигар дар соҳилҳои Сомалӣ, дар Уқёнуси Ҳинд, нову киштиҳои ҷангӣ доранд, вале мушкил чунон бузург аст, ки ҳеҷ як қудрат онро ба танҳоӣ наметавонад ҳал кунад.

Рафъи ҳамлаи роҳзанҳои баҳрӣ ва маҳви киштии онҳо то кунун кам иттифоқ афтодааст ва ин кор рӯзи сешанбе ба нерӯҳои ҳиндӣ муяссар шуд. Маллоҳони Ҳиндустон киштӣ ва қаиқҳои зудҳаракатва дӯстдоштаи роҳзанҳоро ғарқ карданд, ки онҳо барои пайдо кардани тӯъма дар роҳҳои баҳрӣ истифода мебаранд.

Қаламравҳои обие, ки роҳзанҳо фаъолият мекунанд, бисёр бузург аст ва аз Сомалӣ то ба ҷануби Кения мерасад. Ва агар тӯъма ва ё киштии тиҷоратие ба дасти ин роҳзанон афтад, киштиҳои низомӣ аз ҳамла ба онҳо худдорӣ меварзанд. Чаро, ки аз сарнавишти маллоҳон ва мусофироне метарсанд, ки роҳзанҳо ҳамеша таҳдид ба куштани онҳо мекунанд. Бо ин кори худ роҳзанони баҳрӣ соҳилҳои Сомалиро ба як навъ зиндони киштиҳову гаравгонон табдил додаанд, ки касе аз тарс ба онҳо наздик намешавад.

Феълан 17 киштӣ бо бештар аз сесад нафар маллоҳу мусофиронаш дар соҳилҳои Сомалӣ лангар андохтаанд. Баъзе аз маллоҳону мусофирони бечора моҳҳо дар ин киштиҳо бо роҳзанон зиндагӣ мекунанд, зеро музокироту пардохтани хунбаҳо барои киштиву мусофиронаш кори печидаест. То кунун ҳукумати кишварҳо, асосан кори музокироту пардохтани хунбаҳоро ба ӯҳдаи соҳибони киштиҳо гузоштаанд. Ва баъзе аз соҳибони киштиҳо бо талаби роҳзанон халтаҳои пулро бо чархболҳо ба зер ба манотиқи пур аз наҳанги баҳрҳо меандозанд, ки танҳо тороҷгарон усули осони гирифтани онро медонанд.

Ин роҳзаниву тороҷгарӣ дар соҳилҳои Сомалӣ сабаб шудааст, маҳаллҳои хурди соҳилӣ ва наздик ба пойгоҳҳои роҳзанон аз назари иқтисодӣ рушд кунанд. Онҷо фурӯшгоҳҳои зиёде пайдо шудаанд, ки барои роҳзанон ва гаравгонони онҳо ғизо мефурӯшанд ва ҳамчунин тиҷорати як навъи маводи мухаддир зиёд шудааст, ки бо истифода аз он роҳзанҳои бекор ба қавле ғами худро мебароранд. Аммо роҳзанон вазъи миллионҳо нафар аз мардуми мӯҳтоҷи Сомалиро бадтар кардаанд, зеро онҳо на танҳо киштиҳои тиҷоратӣ, балки киштиҳои дорои кӯмакҳои башариро ҳам рабуда, тороҷ мекунанд.

Ба гуфтаи Созмони Милал аз моҳи май то кунун, теъдоди мардуми мӯҳтоҷ ба кӯмакҳои башарии Сомалӣ аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар то ба 3 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Сомалӣ, ки ҳукуматаш аз соли 1991 инҷониб дуруст фаъолият намекунад, аз кишварҳои хурди Африқост, ки тақрибан 10 миллион нафар аҳолӣ дорад.

XS
SM
MD
LG