Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд


Бозор Собир, шоири маҳбуби тоҷик, 70-сола шуд, аммо мақомоти Тоҷикистон зодрӯзи шоирро ҷашн нагирифтанд.

Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, 70-солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро, ки дар Амрико ба сар мебарад, баҳори оянда дар Душанбе таҷлил хоҳад кард. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттифоқи нависандагон мегӯяд, ин созмон мехост, ҳафтодсолагии Бозор Собирро дар рӯзи таваллудаш таҷлил кунад, аммо бо иллати набудани соҳибҷашн дар Тоҷикистон ин ҷашн то иди Наврӯз мавқуф гузошта шудааст. Ба қавли оқои Самадов, Бозор Собир гуфтааст, баҳори соли оянда ба Душанбе бармегардад.

Оқои Самадов меафзояд, Иттифоқи нависандагон ба муносибати 70-солагиии Бозор Собир, ӯро дар нашрияи хусусиаш «Адабиёт ва санъат» табрик карда, порае аз ашъорашро нашр кардааст.

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар як соли ахир бахшида ба 70-солагии Бозор Собир матолиби зиёде ба нашр расонида, аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекарданд, ки аз зодрӯзи ӯ ба таври расмӣ таҷлил шавад.

Вале Абдуғаффор Абдуҷабборов, раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ барномаеро ҷиҳати таҷлили 70 -солагии Бозор Собир дар даст надорад.

Ба ҳамин тартиб, ҳафтодумин зодрӯзи Бозор Собир дар Тоҷикистон дар ҳеҷ маҳфил ҷашн гирифта нашуд. Коршиносон сабаби дар Душанбе таҷлил нашудани 70-солагии Бозор Собирро ба мусоҳибаҳои ихтисосии вай бо нашрияҳои мустақили Тоҷикистон марбут медонад, ки дар онҳо ҳукумати Тоҷикистон бо шеваи шадид танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG