Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёноти Гейтс ва Райс аз паймони амниятӣ бо Ироқ


Вазирони дифоъ ва умури хориҷии Амрико ба аъзои Конгресс дар бораи паймони амниятии Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ иттилоъ доданд. Баёноти Роберт Гейтс ва Кондолиза Райс дар паси дарҳои баста ҷараён гирифт. Созишномаи нав, ки пас аз 11 моҳи гуфтушунид миёни Вошингтон ва Бағдод ба имзо расид, бояд дар порлумони Ироқ низ ба тасвиб расад. Тибқи хабарҳо ин санад хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқро дар соли 2011 пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG