Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар ҷустуҷӯи зеботарин бонуи пойтахт


Дар шаҳри Душанбе маъракаи муайян кардани зеботарин бонуи пойтахти Тоҷикистон оғоз меёбад. Ташкилкунандаи озмуни "Бонуи Душанбе-2008" Парвина Мақсудова ба хабаргузории Ховар гуфтааст, аз миёни ҳазорон нафар ширкаткунандаи озмун 12 нафари беҳтарин ба даври ниҳоии сабқат ворид шуданд ва ба зудӣ акси онҳо дар кӯчаҳои шаҳр пайдо хоҳад шуд. Ин аксҳо ҳамчунин барои раъйдиҳӣ дар сомонаи интернетии вижа гузошта мешаванд ва маҳфили ҷамъбастии озмун рӯзи 20-уми декабр дар толори "Бизнес-сентр ВЕФА" баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG