Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азонро дар Душанбе баландтар мехонанд


Рӯҳониёни баъзе аз масоҷиди ҷомеъи пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, дигар мақомоти расмӣ монеъи гуфтани азон аз тариқи баландгӯҳо намешаванд. Тайи се соли ахир дар масоҷиди шаҳри Душанбе азонро аз тариқи баландгӯҳо намехонанд, зеро ба гуфтаи рӯҳониён мақомот аз онҳо хоста буданд, ки ин корро накунанд. То кунун дар ҳукумати шаҳри Душанбе касе ин гуфтаҳоро шарҳ надодааст, вале муфтиёни баъзе аз масоҷиди Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки танҳо барои даъвати эътиқодмадон ба намози ҷумъа аз баландгӯ истифода мекунанд, на дар рӯзҳои дигар. Соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон ҳам мақомот аз рӯҳониён хостанд, то азонро бо баландгӯ нахонанд, зеро ба гуфтаи мақомот "мардум аз садои баланд" шикоят кардаанд. Дар гузориши ахири вазорати умури хориҷаи Амрико доир ба озодиҳои мазҳабӣ гуфта шудааст, ки озодии эътиқод ва мазҳаб дар Тоҷикистон дар як соли ахир таназзул ёфтааст.
XS
SM
MD
LG