Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Гурҷистону Русия идома меёбад


Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Русия ва Гурҷистон мувофиқат карданд, то музокирот доир ба вазъи амниятӣ ва паноҳандагон дар манотиқи ҷангзадаро идома диҳанд. Дмитрий Санакоев – раҳбари табъидии ҳукумати Осетияи Ҷанубӣ дар Гурҷистон гуфт, ғолибан ду тараф моҳи декабр “баҳсу баррасиро” идома хоҳанд дод. Григорий Карасин - муовини вазири умури хориҷаи Русия ва раҳбари ҳайъати расмии кишвар дар музокироти шаҳри Женева низ чунин эълом кард. Дар ин музокирот танҳо гурӯҳҳои корӣ бо ҳам мулоқот карданд, чун дар моҳи октябр дар нишасти пешин мақомоти расмии Русия ва Гурҷистон, ки моҳи август бо ҳам ҷангиданд аз нишастан сари як миз худдорӣ варзиданд.
XS
SM
MD
LG