Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Гурҷистон ва Русия дар Женева


Гига Бокириа, вазири хориҷаи Гурҷистон, Женева, 18-уми ноябри соли 2008
Гига Бокириа, вазири хориҷаи Гурҷистон, Женева, 18-уми ноябри соли 2008

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Женева (Швейсария) ҳайъатҳои Русия ва Гурҷистон музокиротро рӯи минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро аз сар гирифтанд.

Дар ҳоле, ки музокироти таҳти сарпарастии СММ ва Иттиҳодияи Аврупо ҷараён доранд, мансабдорони Гурҷистон талаб кардаанд, ки ҷанги панҷрӯза мавриди тафтиши як ниҳоди мустақил қарор гирад.

Пешбинӣ намешавад, ки дар музокироти 19-уми ноябр ихтилофи назари ҷонибҳо аз байн равад. Пешрафт ин аст, ки моҳи гузашта вақте ду ҳайъат ба Женева омада буданд, ҳозир нашуданд, дар як ҳуҷра ҷамъ шаванд.

Хабарнигори бахши гурҷии Радиои Озодӣ Окропир Рухадзе аз Женева иттилоъ медиҳад, ки сӯҳбатҳои рӯзи чоршанбе пушти дарҳои баста сурат гирифтанд, вале шоми сешанбе ҳайъатҳои Русия, Гурҷистон, минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубиву Абхозистон ва ҳамчунон созмонҳои байнулмилалӣ як мулоқоти корӣ анҷом дода, сипас дар зиёфате ширкат варзиданд.

Русия истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кардаааст ва, аз ин рӯ, тақозо дорад, ки ҳайъатҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ҳамчун ҷонибҳои комилҳуқуқи музокирот пазируфта шаванд.

Вале дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вазири ҳамоиши Гурҷистон Темур Якобашвилӣ гуфт, ки дар музокирот на танҳо ҷудоихоҳон, балки нерӯҳои марказгарои Осетияи Ҷанубиву Абхозистон низ бояд ширкат варзанд: "Ин ҷанг ба аҳли олам нишон дод, ки низоъ миёни Гурҷистон ва Русия дар ду минтақаи Гурҷистон аст: Абхозистон ва ноҳияи Тсхинвалӣ. Ҳар яке аз онҳо ҳам Абхозистон ва ҳам ноҳияи Тсхинвалӣ ду ҷомиъа дорад: ҷудоихоҳ ва ҷонибдорони ҳукумати марказӣ".

Дар ин даври музокирот сарнавишти фирориёни гурҷиву осетинӣ, ки баъди муноқишаи моҳи август аз хонаву дар маҳрум шудаанд, мавриди арзёбӣ қарор мегирад.

18-уми ноябр созмони ҳомии ҳуқуқи башар «Amnesty International» ё худ «Афви байнулмилалӣ» дар гузорише иброз дошт, ки марзи миёни Гурҷистону Осетияи Ҷанубӣ ба минтақаи ғорату хушунат табдил ёфтааст. Аз ин рӯ наздик ба 30 ҳазор фирорӣ аз бозгашт ба хоанҳояшон худдорӣ мекунанд.

Бахши дигари музокирот ба баррасии масъалаҳои амниятӣ тахсис дода хоҳад шуд. Маскав то кунун баъзе талаботи созиши оташбасро иҷро накардааст, аз ҷумла то ҳанӯз нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои то 7-уми август ишғол намудаашон барнагаштаанд ва нозирони байнулмилалӣ низ то ҳол ҳаққи рафтуомади озод ба минтақаҳои ҷудоихоҳро пайдо накардаанд. Русия бар ин аст, ки нерӯҳояш дар ҷавоб ба ҳамлаи Гурҷистон болои мардуми осоиштаи шаҳри Тсхинвалӣ ба хоки Осетияи Ҷанубӣ дохил шудаанд. Вале Гурҷистон таъкид мекунад, ки нерӯҳояш дар ҷавоб ба тирборони деҳоти гурҷӣ болои нерӯҳои Осетияи Ҷанубӣ ҳамла карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар изҳор намудаанд, ки ҳар ду ҷониб масъули истифодаи беҳадду андоза бузурги нерӯ ва поймолшавии ҳуқуқи башар мебошанд. Ираклий Аласания сафири Гурҷистон дар СММ дархост намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо таҳқиқи байнулмилалии ҷанги панҷрӯзаро бар дӯш гирад: "Мо бовар дорем, ки тафтиши муфассали байнулмилалӣ зарур аст. Ҷониби гурҷӣ дар ибтидои ин муқовимати низомӣ чунин даъват матраҳ намуда буд. Мо умед дорем, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо воқиъан кӯшиши мекунанд, ки ин тафтиш шурӯъ шавад".

Аласания афзуд, ки ҷониби Гурҷистон ҳозир аст, муфаттишонро бо тамоми санадҳо, аз ҷумла гузоришҳои махфӣ, ошно кунад.
XS
SM
MD
LG