Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳаҷми сабади истеъмолӣ


Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми сабади истеъмолӣ дар кишвар аз 63 сомонӣ то 90 сомониву 30 дирам афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ахиран ҳади ақали маоши сокинонро 60 сомонӣ, муқарар кардааст, ки барои харҷи як ё дурӯзаи сокини алоҳидаи кишвар кифоят намекунад.

Абдухалил Наҷибуллоев, масъули бахши таҳқиқоти даромадҳои аҳолии Кумитаи омори Тоҷикистон мегуяд, дар даҳ моҳи ахир 13 дарсад боло рафтани сатҳи таваррум ва афзоиши 15 дарсадаи қимати маводи ғизоӣ боис ба афзоиши ҳаҷми сабабади истеъмоли шудаанд. Оқои Наҷибуллоев мегӯяд, 90 сомони шудани сабади истеъмолӣ маънои онро дорад, ки як нафар бо ин маблағ дар Тоҷикистон бояд як моҳ зиндагӣ кунад.

Кумитаи омори Тоҷикистон сабади истеъмолиро бар асоси таҳқиқи буҷаи ҳазор хонавода муайян кардааст, ки ба он 25 намуд ғизо амсоли маводи нонӣ, гӯшт, тухм, сабзавот, меваҷот, маснуоти қаннодӣ, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва равғанро фаро мегирад.

Абдухалил Наҷибуллоев аз шарҳи тақсими 90 сомонӣ дар таркиби сабади истеъмоли худдорӣ кард ва нагуфт, ки ин маблағ барои хариди кадом ғизо бо чӣ миқдор сарф мешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳаҷми сабади истеъмолӣ набояд аз ҳади ақали маош кам бошад ва давлат бояд ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ ҳадди ақали маошро аз сабади истеъмолӣ бештар намояд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисодӣ, мегӯяд, сабади истеъмолие, ки мақомоти Тоҷикистон муайян кардаанд, аз воқеъият дур аст. Ба қавли оқои Умаров, ҳаҷми сабади истеъмолӣ барои як нафар дар як моҳ бояд аз 300 сомонӣ кам набошад.

Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки масъулин дар ҳоле ҳаҷми сабади истеъмолиро 90 сомонӣ муайян кардаанд, ки дар Тоҷикистон то кунун қонун дар бораи сабати истеъмолӣ қабул нашудааст. Амонулло Ҳасанов, мудири шӯъбаи таҳлил ва дурнамои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мегӯяд, ба ин далел, ки қонун дар бораи сабади истеъмолӣ ҳануз қабул нашудааст, ин вазорат наметавонад ҳаҷми сабади истеъмолиро ба таври дақиқ муайян кунад.


XS
SM
MD
LG