Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи январ дар Ироқ интихоботи маҳаллӣ доир мешавад


Имрӯз сухангӯи ҳукумати Ироқ иттилоъ дод, ки интихоботи маҳаллии ин кишвар 31-уми январ доир мешавад. Хабаргузориҳо аз нақли Алӣ ад-Даббоғ сухангӯи ҳукумати Ироқ овардаанд, ки рӯзи интихобот дар ҷаласаи ҳукумат муайян шуд. Охирин дафъа дар Ироқ интихоботи маҳаллӣ соли 2005-ум барпо шуда буд. Эълони мӯҳлати интихоботи маҳаллӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Маҷлиси қонунгузори ин кишвар ба овоздиҳии 24-уми ноябр омодагӣ мегирад. Рӯзи душанбеи оянда қонунгузорони Ироқ созиши ҳузури се солаи нерӯҳои ИМА дар Ироқро баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG