Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи аккосии яҳудиёни Бухоро


Дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Дар фаросӯи Бухоро» намоишгоҳи аккосии хосе ифтитоҳ шуд, ки аз рӯзгори дирӯзу имрӯзи яҳудиёни Бухоро ҳикоят мекунад.

Ин намоишгоҳ дар чаҳорчуби ҷашнвораи фарҳангии «Сурхгули гетӣ» дар бинои таърихии Хонаи Спиридонов, воқеъ дар ҳошияи кохи Кремл идома дорад. Муаллифи намоишгоҳ суратгири рус Ляля Кузнетсова аст ва ба аксҳои ӯ нависандаи маъруф Людмила Пертушевская шарҳ навиштааст.

Нависанда дар зерматни як силсила аскҳо наиштааст, «нахустин бор нуҳ хонаводаи яҳудиён ба Бухоро барои ороиши абрешим даъват шудаанд. Ҳамин тавр мардуме бо номи Яҳудиёни Бухоро пайдо шуд, ки расму оин ва забони хос доштанд. Забони онҳо иврити қадим буд, ончунон қадим, ки ба ҷуз онҳо касе ёд надорад. Забони онҳо бо забони тоҷикӣ омехт ва онҳо бо ин забон шеъру тарона офариданд».

Як тан аз тамошобинони намоишгоҳ Станислав Кочнев, ки худро рассом муаррифӣ кард, мегӯяд, ман саросари хоки Бухороро тай кардаам, аммо он чи дар ин толор мебинам, бароям ҷаҳони дигар аст.

Рассом ҳамчунин таъриф кард, намоишгоҳ ба хубӣ нишон медиҳад, ки яҳудиёни Бухоро бо гузаштаи худ пайванди ногусастанӣ доранд ва ба фардо бо хушбинӣ менигаранд.

Ба тамошобинон ба вижа акси як ҷавонзани яҳудӣ, ки бо ду фарзандаш дар бар пироҳани зардӯзӣ доранд, хуш омадааст. Ин аксро муаллифи он Ляля Кузнетсова ҳам дуст медорад ва мегӯяд, дар ин акс ҷавонзане бо пироҳани идонаи қадимӣ аккосӣ шудааст, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш аз Амрико ба меҳмонӣ омадааст.

Людмила Петрушевский ба ин акс чунин зерматн навиштааст: «Зебо-нозанине бо бачаҳояш. Фарзанди саввумашро интизор аст. Пироҳани идона ба бар кардааст ва ба бачаҳояш ҳам чунин ҷома пушонидааст. Ин ҷомаҳоро худаш аз махмали мушкӣ ва зарҳал духтааст».

Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳамчунин аз сарнавишти яҳудиёни Бухоро ёдоварӣ шудааст. Гуфта шудааст, ки яҳудиёни Бухоро ба ин сарзамин дар ҳазораи аввали солшумории мо аз Форс омадаанд. Як замон онҳо дар Бухоро ҷомеъаи бузургеро ташкил медоданд ва аммо дар солҳои ахир бахши аъзами онҳо ба Исроилу Амрико ҳиҷрат карданд ва акнун ба зодгоҳи худ танҳо ба ҳайси меҳмон меоянд. Айни ҳол дар Бухоро як ҷамоъаи кӯчаки яҳудиён мавчуд аст, ки теъдодашон наздик ба 350 нафар мерасад. Дар ҳамин ҳол ҳам яҳудиёни Бухоро оину суннатҳои миллӣ ва мазҳабии худро гум накардаанд ва бо ҳамқавмони худ дар саросари ҷаҳон иртибот доранд.

Намоишгоҳи аккосии Ляля Кузнетсова аз рӯзгори яҳудиёни Бухоро натиҷаи охирин сафари вай ба Осиёи Миёна аст. Ҷаҳонгард Ляля Кузнетсова қаблан ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон сафар анҷом дода, аз зиндагии мардумони ин кишварҳо намоишгоҳи аккосии вижа ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG