Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содиқ Маҳсулӣ вазири корҳои дохилии Эрон шуд


Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо пешниҳоди президент Маҳмуди Аҳмадинажод Содиқ Маҳсулиро дар вазифаи вазири корҳои дохилии ин кишвар тасдиқ кард. Моҳи равон қонунгузорони эронӣ Алии Кордонро бо фиреби Маҷлис муттаҳам намуда, аз мансаби вазири корҳои дохилии Эрон ё худ вазири кишвар барканор карда буданд. Ӯ ба Маҷлис дипломи қалбакии хатми донишгоҳи Оксфорди Британияро пешниҳод карда буд. Вазири нав: Содиқ Маҳсулӣ яке аз ёварони наздики раисҷумҳури Эрон аст.
XS
SM
MD
LG