Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи додгоҳи қотилони Политковская дар Маскав


Додгоҳи низомии Русия ҳукм кард, ки додгоҳи чаҳор айбдоршавандаи қатли журналисти рус Анна Политковская ба таври боз ҷараён гирад. Дар курсии айбдоршавандагон афроде нанишастаанд, ки додситонӣ онҳоро иҷрокунанда ва ё фармоишдиҳандаи ин куштор номида бошад. Политковская, мунаққиди шадиди ҳукумат дар моsи октябри соли 2006 дар долони биное, ки истиқомат мекард, ба зарби гулула кушта шуд. Наздикони ӯ ва ҳам айбдоршавандагон талаб карданд, ки муҳокима дар паси дарҳои баста ҷараён нагирад.
XS
SM
MD
LG