Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди Узбакистон ба масоъили ҳуқуқи башар


Муътабар Тоҷибоева
Муътабар Тоҷибоева

Боздошту шиканҷа ва солҳои тӯлонии маҳрумият аз озодӣ бахшҳои ҷудоинапазири кор дар ҷабҳаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Узбакистон аст.

Холидаи Қодир

Аммо боз чи ғаризае дар миён ҳаст, ки фаъъолони ҳуқуқи башар дар Узбакистонро ба корзори набард барои ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ҷазб мекунад? Ин кишвар аз бадтарин қаламравҳои дунё барои мудофеъини ҳуқуқи башар дониста шудааст.

Муътабар Тоҷибоеваи 45-сола, ки тақрибан ним сол қабл аз маҳбаси шаҳри Тошканд озод шуда буд, мегӯяд, даҳшати зиндон то ҳол азобаш медиҳад. Ба хусус даҳшати 112 шабу рӯзе, ки ӯ дар ҳуҷраи яккасаи зиндон ба сар бурда буд: “То ҳол, ҳар боре, ки ман аз чизе эҳсоси маъюсӣ кунам ё мариз шавам, ҳамон шаб даҳшати зиндон ба хобам меояд. Ман ором хоб рафта наметавонам. Нисфи шаб хобҳои пурдаҳшат дида, бедор мешавам ва, вақте дубора хоб меравам, он кобусҳо дубора ба хобам медароянд. Чаро? Чунки занон дар зиндонҳои Узбакистон ҳамеша гуруснаанд, ҳамеша ба таҳқиру ба бадрафторӣ рӯбарӯянд”.

Муътабар Тоҷибоева дар соли 2005 раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро барои саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозии мардум ва ҳалокати садҳо нафар дар Андиҷон ба боди интиқоди шадид кашид ва дар пайи ин боздошт шуд.

М. Тоҷибоева дар моҳи июни соли равон баъд аз адои тақрибан 3 соли ҳукми додгоҳ ба далели бад шудани вазъи саломаташ аз маҳбас озод шуд. Додгоҳи Узбакистон ӯро 3 сол пеш бо иттиҳоми даст доштан дар 17 ҷиноят, бо шумули сарпечӣ аз пардохти молиёт, туҳмат ва узвият дар созмони ғайриқонунӣ ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд. Тоҷибоева афв нашуда, балки адои ҳукмаш барои 3 сол мутаваққиф шудааст.

Шарҳи ҳоли Муътабар Тоҷибоева танҳо як достон аз достони зиндагии даҳҳо фаъоли узбакистонист, ки ба далели дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ё интиқоди сиёсати давлат барои солиёни мадид ба зиндон андохта мешаванд. Латукӯб ва шиканҷаи онҳо дар зиндон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфта, бисёре аз фаъолони ҳуқуқи башарро ҳатто иҷборан ба бемористонҳои амрози равонӣ мефиристанд.

Элза Видал, раҳбари бахши Авро-Осиё дар созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (мақарраш дар Порис) мегӯяд, ин фаъъолон дар асл мардумони хеле одиянд, ки мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвари худро мушоҳида карда, иқдом карданро дар ин замина қарзи худ мешуморанд: «Онҳо худро ҳамагӣ шаҳрвандони озоде медонанд, ки бояд садо баланд карда, сарнавишти кишвари худро тағйир диҳанд».

Ба таъбири Аъзам Турғунов, як фаъъоли дигари ҳуқуқи башар дар Узбакистон, “агар ҳама хомӯширо ихтиёр мекарданд, вазъ боз ҳам бадтару бадтар мешуд”.

Турғунов, ки созмони сабтиномнашудае бо исми “Мазлум”-ро раҳбарӣ мекунад, чанд ҳафта қабл бо ҷароиме, ки нозирони ҳол сиёсияш мехонанд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Бо амри тасодуф, ҳамагӣ як рӯз қабл аз судури ҳукми Аъзам Турғунов Иттиҳодияи Аврупо Узбакистонро ба маҳзи “беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар” тавсиф карда, ҳалқаи таҳримоти баъд аз ҳаводиси Андиҷон ҷорикардааш алайҳи Тошкандро хеле сабуктар кард.

Дар ҳамин ҳол, Муътабар Тоҷибоева мегӯяд, онҳое, ки маҳбуси сиёсӣ шинохта шудаанд, аз ҷумла диндорон ва мунаққидини давлат, дар зиндонҳои Узбакистон ба бадрафторӣ ва шиканҷа мувоҷеҳ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин тоифаи маҳбусон таҳти таҳқири лафзӣ ва фишори ҷисмониву равонӣ қарор дошта, маъмурони зиндон ба онҳо мисли ҳайвон муносибат мекунанд. Ӯ меафзояд, ки онҳо ҳатто ғизои дуруст намехӯранд. Ба гуфтаи Муътабар Тоҷибоева, ба маҳбусон одатан шавла ва карамшӯрбо медиҳанд ва онҳо дар берун соатҳо ва баъзан ҳатто дар зери барфу борон мунтазири ғизо меистанд.

Чизи дигаре, ки фаъолонро дар маҳбас азият медиҳад, таҳти фишори давлат қарор доштани аъзои хонаводаи онҳост. М. Тоҷибоева гуфт, дар маҳбас ҳамеша нигарони амнияти духтари ягонааш буд, ки низ зери таҳдиди мақомот қарор доштааст. Шавҳари фаъъоли дигари ҳуқуқи башар Елена Урулаева ҳангоми дар истгоҳи автобус мунтазири ҳамсари худ нишастанаш ҳадафи латукӯб қарор гирифт.

Мақомоти Узбакистон ахиран таҳти фишори Иттиҳодияи Аврупо як идда аз фаъъолони ҳуқуқи башарро аз маҳбас раҳо карданд. Аммо бисёри мардум ба ин ки Тошканд бархӯрдаш нисбат ба масоъили ҳуқуқи башар ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро самимона тағйир додааст, чандон бовар надоранд. Даҳҳо ҳомии ҳуқуқи башар дар Узбакистон то ҳол дар зиндон боқӣ мемонанд.

Муътабар Тоҷибоева, ки феълан дар Олмон табобат мегирад, дар поёни моҳи равон ҷоизаи Мартин Энналз барои ҳомиёни ҳуқуқи башарро, ки 10 гурӯҳи маъруфтарини дифоъ аз ҳуқуқи инсон муштаракан таъсис додаанд, дарёфт хоҳад кард.

Аммо ӯ мегӯяд, дар Аврупо зиёд монданӣ нест, балки бо хатми табобаташ мехоҳад ба ватан баргашта, ба набардаш дар ҷабҳаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Узбакистон идома диҳад.

XS
SM
MD
LG