Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи қотилони Политковская рушод доир мешавад


Додгоҳи низомии Маскав имрӯз қарор кард, ки мурофиаи додгоҳии гумонбарони қатли хабарнигор Анна Политковская рушод доир шавад. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки додгоҳ шояд мурофиаро пушти дарҳои баста баргузор кунад. Интизор меравад, ки рӯзи 18 ноябр барои бозрасии парванда ҳайати мунсифа таъсис шавад.

Дар куштори хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анна Политковская чаҳор нафар – собиқ корманди милиса Сергей Ҳоҷиқурбонов, бародарон Ҷабраил ва Иброҳим Маҳмудовҳо ва подполковники Хадамоти федеролии амнияти Русия Павел Рягузов гумонбар дониста шудаанд. Анна Политковская тирамоҳи соли 2006 ум дар долони манзили зисташ дар шаҳри Маскав ҳадафи тир қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG