Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ ба нозирони Иттиҳоди Аврупо дар Гурҷистон


Нозирони Иттиҳоди Аврупо дар хатти оташбаси Гурҷистон мегӯянд, дар наздикии минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, замоне ба тарафшон тир кушода шуд, ки мехостанд, қазияи қатли як полиси гурҷиро дар хатти марзи воқеъии миёни Гурҷистон ва Абхозистон таҳқиқ кунанд. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Абхозистон даъват кард, ин ҳодисаи, ба гуфтаи онҳо "ғайриқобили қабул"-ро таҳқиқ кунанд. Касе аз тирандозӣ захмӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG