Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанон дар обҳои Сомалӣ киштии Ҷопонро рабуданд


Роҳзанони баҳрӣ дар соҳилҳои кишвари африқоии Сомалӣ як киштии Ҷопонро рабуданд. Вазорати хориҷаи Кореяи ҷанубӣ гуфтааст, ки ин киштӣ 23 маллоҳ дошт. Ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса то ҳол дастрас нашудааст. Роҳзанон дар обҳои Сомалӣ танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 30 киштиро рабудаанд, ки ин масири одатан пуркиштиеро, ки аз халиҷи Адан мегузарад, ба хатарноктарин масири ҳаракати киштиҳо дар дунё табдил додааст.
XS
SM
MD
LG