Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои оддӣ шудани вазъ дар Ироқ


Сафири Амрико дар СММ Залмай Халилзод гуфт, мизони хушунат дар Ироқ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, вале он кишвар ҳамчунон рӯбарӯ ба таҳдидҳои ҷиддие аз сӯи ҷангиён боқӣ мемонад. Халилзод ба Шӯрои Амнияти СММ гуфт, куштори афроди ғайринизомӣ ва асокири ироқиву амрикоӣ дар Ироқ аз моҳи июни соли 2007 ба ин сӯ беш аз 80 дарсад коҳиш ёфтааст, вале ба амнияти Ироқ то ҳол ҷангиён, аз ҷумла афроди Ал-Қоида ва ҷангиёни таҳти ҳимояти Эрон ҷиддан таҳдид мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Стефан де Мистура, фиристодаи аршади СММ дар Ироқ, гуфт, нишонаҳои “зиндагии оддии рӯзмарра” дар Ироқ ҳарчӣ возеҳтар ба назар мерасанд. Вале ӯ зимнан аз бурузи дубораи хушунатҳо дар пешорӯи силсилаи интихоботҳое, ки бояд соли оянда дар Ироқ доир шаванд, ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG