Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши озодиҳои сиёсӣ дар Қирғизистон


Фаъолони ҳуқуқи башар дар Қирғизистон мегӯянд, ки дар ин кишвар озодиҳои сиёсӣ кам шуда фишор болои мухолифин афзоиш меёбад. Азиза Абдурасулова, раиси як созмони ҳуқуқи башар дар Бишкек гуфт, ки баъди сари қудрат омадани Қурмонбек Боқиев дар соли 2005 нӯҳ шаҳрванди Қирғизистон дар кишварҳои хориҷӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар аҳди Аскар Оқоев танҳо як нафар барои дарёфти мақоми паноҳандагии сиёсӣ ариза дода буд. Қурмонбек Боқиев баҳори соли 2005 дар пайи ошубҳои мардумӣ сари қудрат омад.
XS
SM
MD
LG