Ба иддаои додситонии Хатлон, хонум Алматова беш аз 140 сокини маҳаллиро фиреб дода, наздик ба як миллион доллари онҳоро аз худ кардааст.
Баҳром Шомиров, муфаттиши аршади риштаи тафтишоти парвандаҳои муҳимми додситонӣ гуфт, нафари муттаҳам худро корманди як бонки бонуфузи кишвар муаррифӣ карда, бо баҳонаи тиҷорату ба даст овардани фоида аз шаҳрвандон маблағ ситонида ва ё манзили зисташонро ба гарав бурдааст. Додситонӣ Алматоваро дар як моҳи ахир дар боздошгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мекунад, зеро ба тахмини ин ниҳод, шумори қурбониёни фиреби вай бештар аз 140 нафар буда метавонад ва ба эҳтимоли додситонӣ, бонкдорон ва афроди баландмақоми дигар ҳам бо вай ҳамдастӣ доштаанд.
Сабзагул Алматова, ки дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад, гуфтааст, гуноҳашро иқрор мекунад ва омода аст дар сурати аз боздоштгоҳ раҳо шудан маболиғи рабудаашро ба соҳибонаш бозпас гардонад.
Дар сурати собит шудани гуноҳи Алматова дар додгоҳ ба вай ҷазои аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Додситонии Хатлон мегӯяд, ин севвумин ҳодисаи ошкоршавии тақаллубкорист, ки дар пайи он даҳҳо ҳазор доллар ба мардум зиёни молӣ расидааст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, агар ҳаҷми зиёни молӣ аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал, яъне 120 ҳазор сомонӣ бештар шавад, қаллобии махсусан калон маҳсуб гардида, зимнан муҷозоташ ҳам сангинтар хоҳад шуд.
Аммо нуктаи дигаре, ки мақомоти Хатлон таъкид ва изҳори нигаронӣ мекунанд, ин аст, ки дар аксари тақаллубкориҳои ошкоршуда занон даст доштаанд. Ҳамин гуна, ахиран раёсати умури дохилаи Хатлон ҳам аз боздошти Азизахон Додоҷонова, сокини шаҳри Сарбанд, иттилоъ дод, ки дар 19 мавриди тақаллуб муттаҳам мешавад. Ба қавли манобеи милисаи Хатлон, шумори афзуни шаҳрвандон қурбони фиребу қаллобии нафари муттаҳам гардида, ҷамъан 200 ҳазор доллари амрикоӣ зиёни молӣ дидаанд.
Ба таври умум, ба иттилои манобеи мақомоти интизомӣ, имсол дар вилояти Хатлон 200 ҷинояти кори дасти занон ошкор гардидааст.
Худо рахматаш кунад. Дигар аз У на кахрамон созед на васфи корхои баду хубашро ба кавле таъкид кунед... Агар дар фикри ин мардум ва ин давлат мешуд, дар ин 10 сол аз соли 2012 то 2022 ислох мешуд ва барои халку миллат коре мекардд. У ба гайр аз гурури нозарур ва хавобаландию худро баландмартаба нишон додану мардум, хусусан чавононро рохгумзанонидан коре накард..... Бигузор кору амалаш барои чавонони дигар ибрат гардад ва мисли у гарданшахи накарда пайи зиндагии орому осуда бошанд... Рузгори худ ва дигаронро талх накунанд. Хамин тинчию осудаги ва хамдигарфахми бошад, ба дасто вардани тамоми комёбихо осон мегардад..... Бигузор Бадахшон ва сокинони азизи он мисли куххои осмунбусаш устувору сарбаланд бошанд!!!!!
Охир барои ЧИ МАОШИ МАРДУМА боло намебардорен. дар ин шароит маош бояд аз 3000 сомони боло бошад. ДЕПУТАТХО шумо ба чи кор машгул хастен, барои чи дар фикри мардум нестен, намешава маоша аз 1 июн боло бардорен на ин ки аз 1 август. ОХИР мардум дигар бо маоши 600 сомони чи кор кунад? Хизби АГРАРИ, Хизби Демократи ЧИ КОР МЕКУНА?
Харидори сумдор: акаи аробакаш як халта орда то тангем чанд сумда мебари. Аробакаш: 100 сум Харидори сумдор: чида уқа қимат. Аробакаш: ака охи ин сири давлат ҳаст.
Мардуми Хучанд бехтарин зехният дорад. Агар Шумон гирди мо чам мешудед вазифаталаби намекардед имруз дар ба дару таги тег карор надоштед.
Шахид Мухамадбокир рухат шод бод. Худованд магфират кунад. Мард буд