Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми «Фарҳанги сулҳ» дар Ню-Йорк


Малик Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саудӣ ва Попи Рум, Бенедикти 16
Малик Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саудӣ ва Попи Рум, Бенедикти 16

Шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ аз кишварҳои олам даъват кардааст, ки муколамаи миёни динҳо ва таҳаммулро ҳамчун василаи маҳви терроризм ва ихтилофи миёни дину мазҳабҳо истифода баранд.

Ин паёми малик Абдуллоҳ дар нишасти "Фарҳанги Сулҳ", ки дар қароргоҳи СММ бо иштироки ҳайъатҳои беш аз 70 кишвари олам ҷараён дорад, садо дод.

Нишасти дурӯза дар қароргоҳи марказии СММ дар шаҳри Ню-Йорк, ки рӯзи 13 ноябр, ба поён расид, яке аз маҳфилҳо силсилаи бахшида ба беҳбуди назари аҳли олам дар мавриди Арабистони Саудӣ мебошад. Ҳамчунон ташкилкунандагони ин маҳфил саъй доранд, он эътимодеро, ки дар байни аҳли ислом ва мамолики ғарбӣ то замони ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001-ум ҷой дошт, эҳё намоянд.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун маҳфилро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт: "Ин ҳодисаи бесобиқа аст, ки президенти Исроил Шимон Перес, шоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар маликону раҳбарони кишварҳои араб дар сари як миз нишаста, ҳамроҳ хӯроки шомро тановул мекунанд. Ин ҳодисаи ташвиқдиҳандаву мусбат аст."

Сипас дирӯз, шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ бо паёме ба иштирочиёни нишаст муроҷиат кард. Малик Абдуллоҳ изҳори умед кард, ки дин бо кумаки Оллоҳи таъоло аҳли оламро хушбахт хоҳад кард. Ба қавли ходими Ҳарамайни Шарифайн, терроризм ва ҷинояткорӣ душмани ҳар дин ва ҳар тамаддун мебошанд. Малик Абдуллоҳ иброз дошт, ки ин падидаҳои нафратовар фақат дар ҳоле ба миён меоянд, ки дар ҷомеа усули таҳаммул аз байн рафта бошад.

Мунаққидони малик Абдуллоҳ мегӯянд, дар ҳоле, ки Арабистони Саудӣ ба истинои Ислом ибодат ба ҳар дини дигарро манъ кардааст, чӣ гуна шоҳи ин кишвар дар бораи таҳаммул ҳарф мезанад?

Вале собиқ сарвазири Британия Тонӣ Блейр бар ин назар аст, ки малик Абддулоҳ ҷуръати бузург нишон додааст, зеро паёми ӯ ба пешвоёни мазҳабии Арабистон шояд маъқул нашавад.

Исроил бо Арабистони Саудӣ равобити расмӣ надорад, вале президенти давлати яҳудӣ Шимон Перес дар маҷмаи кулл гуфт, ки ташаббуси малик Абдуллоҳ метавонад калиди муколамаи миёни динҳо дар Ховари Миёна ва ҳамчунон миёни Ислом ва Ғарб шавад.

"Аълоҳазрат шоҳи Арабистони Саудӣ! Ман паёми шуморо шунидам. Умедворам, ки он паёми асосии тамоми минтақа ва тамоми мардум хоҳад шуд. Он дуруст ва умедворкунанда аст."

Арабистони Саудӣ дар ташкили муколама миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷумбиши Толибон низ саҳмгир аст. Моҳи сентябр малик Абдуллоҳ ҳайъатҳои ҳар ду ҷониби афғонро ба ҳузур пазируфт. Рӯзи чоршанбе дар ҳошияи нишасти Ню Йорк малик Абдуллоҳ бо раҳбари афғон Ҳомиди Карзай ва раҳбари покистонӣ Осиф Алӣ Зардорӣ ҳам мулоқот намуд.

Умуман, ташаббуси "Фарҳанги сулҳ"-и малик Абдуллоҳ замоне раҳандозӣ мешавад, ки дар олами Ислом сару садои зиёд пиромуни сулҳдӯстии дин ва радди хушунат ба гӯш мерасад. Моҳи октябр гурӯҳи рӯҳониёни покистонӣ дар як фатвои муштарак тамоми шаклҳои терроризмро маҳкум карданд. Пеш аз он уламои мадрасаҳои девбандии Ҳиндустон ҳам терроризм ва хушунатро маҳкум карда буданд.

Хуллас, дар ҳоле, ки олам аз Фаластин то Покистон ҷӯёи сулҳ шудааст, ба назар мерасад, ки дар ин раванд ҳақиқати динӣ ба бахши калиди дипломатия табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG