Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми нӯҳ нафар дар Афғонистон


Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон имзои худро зери ҳукмҳои қатли нӯҳ нафар гузошт, ва ин ҳукм дар давоми як ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад.

Мақомоти СММ бо изҳори ташвиш мегӯянд, ки аз ҳукмҳои зиёди эъдом дар ин кишвар нигарон ҳастанд, чунки норасоиҳо дар кори низоми додгустарии Афғонистон метавонад сабаби роҳ ёфтани иштибоҳ дар қиболи сарнавишти баъзе муҷримон шавад.

Ин дар ҳолест, ки афкори умум дар Афғонистон мегӯяд, ки аксарият хоҳони муҷозоти шадидтарин нисбати ҷинояткороне мебошанд, ки даст ба қатлу куштор, таҷовуз ва одамрабоӣ мезананд. Ва дар айни замон, андешаҳои зиёдро бо тақозои иҷрои ҳукми қатл дар мазҳари ом ҳам шунидан мумкин аст, ки аз замони аз сари қудрат дур шудани Толибон то имрӯз ба чашм намерасид. Дар шароити болоравии хушунатҳо ва ҳодисаҳои қатлу куштор дар сартосари ин кишвар, аксар шаҳрвандон дубора хоҳони дар пеши чашми ҳамагон муҷозот шудани қотилону таҷовузгарон шудаанд. Аксарият бовар доранд, ки тавассути намоиши ошкорои ҳукмҳои эъдом дар чашми мардум мешавад пеши роҳи хунро дар оянда гирифт.

Аммо ин мавзӯъ раисҷумҳур Ҳомиди Карзайро воқеан ҳам дар як ҳолати ногувор қарор медиҳад. Соли оянда дар Афғонистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад ва Карзай барои пирӯзӣ дар ин раъйдиҳӣ бояд ба талаботи мардум оиди коҳиши хушунату ҷинояткорӣ дар сартосари кишвар посух диҳад.

Охири октябри имсол Карзай дар Кобул дар як мулоқоти занони фаъоли сиёсии Афғонистон иштирок дошт ва дар ин нишаст пешниҳоди бознигарӣ шудани шеваи муҷозоти онҳое, ки даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнини мисли куштору таҷовуз задаанд, садо дод. Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон аз ҷумлаи тарафдорони ин пешниҳод буд.

Аммо ба андешаи масъулини Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ ин масъала боиси ташвиш аст. Онҳо мегӯянд, ки худи Карзай хуб медонад, ки низоми додгустарии Афғонистон пур аз камбудиву норасоиҳо мебошад. Дар ин конфронс Карзай ба занҳо тавзеҳ дод, ки дар сурати машрӯъ шудани ҳукмҳои эъдом дар мазҳари ом ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад аз Афғонистон рӯ гардонда, дигар аз ироаи кӯмакҳо даст кашад. Вай гуфт, бар ивази ин, вай ба тасвиби ҳукми эъдоми 120 зиндоние шурӯъ мекунад, ки ба ҳукми қатл маҳкум шуда интизори иҷро шудани он мебошанд. Карзай гуфт, ки ҳукми ин афрод танҳо паси деворҳои зиндон ба иҷро медарояд.

"Агар касе одамрабо ва ё ба зане осеб расонда бошад ва агар додгоҳи олӣ ҳукми қатли онҳоро содир кунад, ин як амали дуруст хоҳад буд. Дар ин масъала мо назари хориҷиҳоро намепурсем".

Баъди ин конфронс то имрӯз раҳбари Афғонистон ҳукми эъдоми нӯҳ нафарро ба имзо расонид ва ҳамаи онҳо дар зиндонҳои кишвар дор овехта шуданд. Ҳамаи онҳо ҷангиёни собиқи Толибон ва ҷинояткорони пурхатар буданд. Ба гуфтаи муовини вазири додгустарии Афғонистон Ҳошими Қозимзай, қабл аз тасвиби ҳукми додгоҳ маъмулан дафтари Карзай аввал таҳқиқоти худро дар нисбати ҳар як қазия анҷом дода баъдан тасмиме мегирад. Вай афзуд, ки бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ, раиси ҷумҳурӣ маъмулан ҳукми эъдомро бо ҳукми зиндони абад табдил мекунад. Аммо роҷеъ ба иҷрои ҳукмҳои қатл дар пеши чашми мардум, гуфт муовини вазири додгустарии Афғонистон Ҳошими Қозимзай, мавқеи қонун ва маъмурияти Карзай яксон аст.

Хонум Наванетем Пиллей аз Комиссиюни СММ оид ба ҳуқуқи башар мегӯяд, зидди ҳама гуна ҳукмҳои эъдом аст, чунки дар мисоли Афғонистон, бино ба кӯтаҳиҳо дар баррасии парвандаи муҷримон ва адами шароити баргузории додгоҳҳои одилона эҳтимоли роҳ додани ҳукмҳои қатли иштибоҳӣ ҳам зиёд аст. Вай аз ҳукумати Карзай даъват кард, ки ба ҳукми қатл дар Афғонистон мораторий эълон кунад. Охирин мавридҳои иҷрои ҳукми қатл дар ин кишвар соли 2007 ва 2004 ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта дар Афғонистон 15 ва чор соли пеш як нафар эъдом шуданд.

XS
SM
MD
LG