Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.

Мо дар бораи ширкати дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Дрездени Олмон оғоз ёфт, маълумот медиҳем.

Сипас дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии каратэ-кёкушинкай дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нақл мекунем.

Инчунин дар ин барнома дар бораи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона, бозиҳои давраи чаҳоруми лигаи олии футболи кишвар ва сабқати қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ маълумот медиҳем.

Дар охири барнома мусоҳибаи мо бо Додобек Фатҳуллоев, раиси мактаби варзишии шаҳри Исфара, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG