Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия аз ҳамоиши амнияти Ироқ даст накашид


Дипломатҳо мегӯянд, ҳукумати Сурия мехоҳад, мизбонии ҳамоиши амният дар Ироқро дар поёни ин моҳ дар дӯш дошта бошад. Димишқ қаблан таҳдид карда буд, ки пас аз ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба минтақае дар дохили қаламраваш бо ҳадафи зарба ба макони эҳтимолии ситезаҷӯёни ироқӣ, аз меҳмондории ин конфаронси байнулмилалӣ даст мекашад. Манобеъи дипломатӣ, ки аз ифшои ном худдорӣ мекунанд, гуфтаанд, Сурия даъватномаҳои ин нишастро барои 22-юми декабр дар Димишқ ба чоп расонд. Қарор аст, дар ҳамоиш намояндагони Ироқ, Фаронса, Амрико ва Эрон ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG