Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми «Телеком технолоҷӣ»


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии таэквон-до ITF байни кӯдакону наврасон барои дарёфти Ҷоми Ширкати «Телеком технолоҷӣ», ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, беш аз 200 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар иштирок доштанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ва сабқати дастаӣ мизбонон – варзишгарони Душанбе - ҷойҳои аввалро касб карданд.

Фаридуни Ғоибалӣ, Иноят Шамолов, Шерзод Тошбоев, Бобо Раҷабалиев ва Нусратуллоҳи Муҳибуллоҳ мувофиқи вазни худ миёни кӯдакони 7-9-сола ғолиб шуданд.

Мӯҳсин Муллоҷонов, Сипеҳр Доробшоев, Мирзошариф Муродов, Азамат Исроилов, Назир Дадабоев ва Мӯҳсини Нортоҷизода байни бачаҳои 10-11-сола пирӯз гардиданд.

Баҳром Гадоев, Султон Одинаев, Алишер Аҳмадов, Ҳасан Юнусов, Алишер Шоев, Муҳаммад Наимов ва Муфтоҳиддин Нарзуллозода байни наврасони 12-14-сола ҷойҳои аввалро азони худ карданд.

Дар сабқати духтарон Элина Содиқова, Мария Мутиева, Суман Тағойназарова, Самина Қудратова ва Ганҷина Ҳабибуллоева пирӯзӣ ба даст оварданд.

Маҳмуд Халифаев, Азамат Исроилов, Муҳаммад Наимов, Элина Содиқова ва Илҳом Одинаев дар иҷрои машқҳои маҷмаъӣ ғолиб шуданд.

Дар сабқати дастаӣ шогирдони мураббӣ Фурқат Урунов байни писарони 7-9-сола ва наврасони 12-14-сола соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Дастаи писарони 10-11-сола таҳти раҳбарии мураббӣ Далер Тӯраев дар ҷои аввал қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG