Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии равобити Тоҷикистон ва Амрико


Имрӯз қарор аст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Ҷорҷ Крол -ноиби ёвари котиби давлатии Амрико дар масоили Осиёи марказӣ ва дипломатияи мардумӣ мулоқот кунад. Дар бораи мавзӯъи мулоқот хабаре дар даст нест аммо интизор меравад дар он идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар даврони президенти нав, амнияти минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирад. Ин мақоми идораи сиёсати берунаи Амрко ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар робита ба вазъи Афғонистон вориди Душанбе шудааст.
XS
SM
MD
LG