Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз Обама умедҳои зиёд дорад


Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав умедвор аст бо ҳукумати нави Иёлоти Муттаҳида дар мавриди баҳси мушакӣ дар Аврупо ба муколамаи созанда муваффақ мегардад. Сергей Лавров дар ин бора пас аз мулоқот бо ҳамтои амрикоии худ, Кондолиза Райс изҳори назар кард. Маскав ба тарҳи сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупо мухолиф аст ва дар посух гуфтааст, мушакҳои худро дар ҷазирақаламрави Калининград устувор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG