Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози азими мухолифини гурҷӣ дар Тифлис


Дар маркази Тифлис намоиши эътирозии мухолифин баргузор шуд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар канори бинои порлумони Гурҷистон тақрибан 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд. Ин нахустин намоиши эътирозии бузург баъд аз ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ маҳсуб мешавад. Аҳзоби мухолиф баргузории интихоботи қабл аз вақти президентиву порлумонӣ, таъмини озодии баён ва баргардонидани шабакаи телевизионии Имедӣ ба хонаводаи тоҷири маъруф Бадрӣ Патаркатсишвилиро талаб карданд. Ду ҳизби бузурги сиёсӣ - Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва Ҳизби Масеҳӣ-демократӣ дар ин намоиш ширкат надоштанд ва зеро аз нигоҳи онҳо, дар вазъи феълии муқовимат бо Русия ягонагии нерӯҳои сиёсии Гурҷистон зарур аст.

Чк сол қабл мақомоти ҳифзи тартиботи Гурҷистон бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Тифлисро пароканда карданд.

XS
SM
MD
LG