Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Истирдоди бародари Ғаффор Мирзоев ба Тоҷикистон

Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ раиси Оҷонси назорати маводи мухаддири назди раисиҷумҳури Тоҷикисон ва собиқ фармондеҳи горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, рӯзҳои наздик аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд. Соли гузашта ду кишвар созиш дар бораи истирдоди ҷинояткоронро имзо карда буданд ва ин санад моҳи апрели соли равон аз сӯи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.
Ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдурасул Мирзоев аз рӯи парвандаи бародараш дар чанд ҷиноят муттаҳам мешавад. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро барои қаллобӣ, напардохтани андоз ва дигар ҷиноёти иқтисодӣ мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор дода буданд. Соли 2004-ум баъд аз боздошти Ғаффор Мирзоев Додгоҳи Олии иқтисодӣ се муассиса – корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро, ки ба Абдурасул Мирзоев тааллуқ доштанд, ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатӣ баргардонда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Як хирс дар ноҳияи Ванҷ ду нафарро захмӣ кардааст

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳамлаи хирс дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ду кас захмӣ шудаанд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса 19-уми октябр дар ҷангали деҳаи Ғумаст рӯй дод.

Ба гуфтаи манбаъ, субҳи он рӯз хирс ба сокинони 14 ва 48-солаи деҳаи Вишхарв, ки ба ҷамъоварии ҳезум машғул буданд, ҳамла карда, сахт захмӣ намудааст.

Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чанд акс аз вазъи ҷабрдидаҳо гуфтанд, яке аз шикам ва дигаре аз сараш ҷароҳат бардоштааcт. Ҳардуро дар бемористон хобондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар фасли тирамоҳ аз ҳамлаи хирсҳо эҳтиёт кунанд. “Зеро дар ин мавсим хирсҳо фаъол мешаванд ва метавонанд, барои захираи зимистон ба маҳалли зисти сокинон наздик шаванд”, -- гуфтанд дар Кумита.

Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст.

Ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон, чанд дафъа ба сокинон дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳамла карда, дар баъзе маврид боис ба марги онҳо гаштаанд.

Тоҷикистону Узбекистон нишонагузории марзро баррасӣ карданд

Марзи Тоҷикистону Узбекистон

Нишасти мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди таъин ва нишонагузории марзи ду кишвар баргузор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз 12 то 19 -уми октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд "ҳуҷҷатгузории техникии демаркатсияи сарҳади давлатӣ"-ро тасдиқ карданд.

Ба навиштаи манбаъ, ҳамчунин "сафари муштараки саҳроӣ ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт."

Ҷузъиёти бештари дидор маълум нест. Тибқи нақша мулоқоти навбатӣ моҳи ноябри имсол дар Узбекистон баргузор мешавад.

Тоҷикистону Узбекистон 1326 километр марз доранд ва, ба гуфтаи мақомот, 1319 километраш пурра муайян шудааст.

Узбекистон дар замони роҳбари пешинааш Ислом Каримов омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон набуд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёв ва сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018, Душанбе ва Тошканд дар масъалаи аломатгузории марз ба созиш даст ёфтанд.

Аз ҷумла, бар асоси созиш ду кишвари ҳамсоя аҳд карданд, обанбори "Фарҳод"-ро барои тақрибан ним асри дигар ҳамроҳ истифода баранд.

Мақомот аз иҷрои нисфи нақшаи даъват ба артиш гузориш дода, аз вуҷуди облава нагуфтанд. ВИДЕО

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфт, нақшаро пурра иҷро кардаанд ва ин навбат, мақомоти маҳаллӣ фарзандони худро ҳам ба артиш фиристоданд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар артиш нақша беш аз 52 фойиз иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нақшаро 100 фоиз пур кардааст. Фаридун Маҳмадилизода, сухангӯи вазорат мегӯяд сафарбарии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар Суғд беш аз 41 фойиз, Хатлон - 40 дарсад, навоҳии тобеъи марказ - 70 ва шаҳри Душанбе 79 фоийз иҷро гардидааст. Ин омори вазорат дар ҳолест, ки дар мавсими имсолаи даъват низ бо вуҷуди роҳандозӣ шудани хидмати пулакӣ ҳолатҳои тариқи облава ба артиш ҷалб кардани ҷавонон ҷой дорад.

"Агар даъватнома фиристанд, меравам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Ситоиши Сироҷидин Ҳаққонӣ аз маргталабон дар Кобул

Кобул, 19 октябри соли 2021. Дар мулоқоти Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо хонаводаҳои маргталабон чеҳраи худи ӯ пинҳон карда шудааст

Иҷрокунандаи корҳои дохилии ҳукумати ”Толибон” бомбгузорони марагталабро ситоиш намуда, ба хешу наздикони онҳо пораи замин ваъда кардааст. Сироҷидин Ҳаққонӣ, ки дар руйхати террористони байналмилалӣ ҷойгир шуда дар айни замон яке аз мансабдорони баландпояи ҳукмати ”Толибон” мебошад, рӯзи 18-уми октябр дар меҳмонсарои «Интерконтинентал»-и Кобул бо хешу наздикони бомбгузорони маргталаб дидору гуфтугӯ намуда, онҳоро «шаҳидони роҳи ислом» номид. Дар ҳамин мемонсаройи «Интерконтинентал»-и Кобул, ки Ҳаққонӣ бо наздикони маргталабон рӯзи душанбе гуфтугӯ дошт, ”Толибон” моҳи январи соли 2018 дар як ҳамлаи мудҳиш 40 нафар, аз ҷумла 14 хориҷиро куштанд.

Исми Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки раҳбарии шабакаи Ҳаққониро бар ӯҳда дорад, дар руйхати ИМА оид ба террористони мавриди ҷустуҷӯ ҷой дошта, барои маълумоте, ки боиси боздошти ӯ шавад, 10 миллион доллар ваъда шудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии «Толибон» Саид Хустӣ, дар бораи мулоқоти Ҳаққонӣ бо наздикони маргталабон дар шабакаи Твиттер маълумот дода, симои Ҳаққониро дар акс пӯшондааст. Дар изҳороти вазораи умури дохилии «Толибон» таъкид шудааст, ки Ҳаққонӣ бо наздикони бомбгузорони маргталаб мулоқот намуда, онҳоро «шуҳадо ва фидоиёни роҳи Ҳақ» номидааст. Расонаҳои давлатии Афғонистон навиштаанд, ки Ҳаққонӣ ба ҳар оилаи маргталаб 125 доллар ва замин ваъда кардааст. Шабакаи Ҳаққонӣ, бо гурӯҳи «Толибон» ҳампоймон буда, дар давоми 20 соли амалиёти байналмилалӣ дар Афғонистон даҳҳо бомбгузории маргталабона роҳандозӣ кардааст. Дар ин ҳамлаҳо ҳазоҳо шаҳрвандони Афғонистон ва хориҷиҳо кушта шудаанд.

Машқҳои СПАД дар Тоҷикистон ва сафари "Толибон" ба Маскав

14 июли соли 2021. Фиристодаи Русия дар Ағонистон Замир Кабулов бо ҳайати "Толибон" ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Маскав гуфтугӯ мекунад

Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас рӯзи 22-юми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад. Ӯ омодагии сарбозонро ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои неруҳои кишварҳои узви СПАД дар Тоҷикистон месанҷад. Бо афзоиши нигаронӣ аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон нерӯҳои СПАД машқҳои васеъмиқёси низомиашонро идома медиҳанд. Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки дар машқҳои низомӣ бештар аз 4 ҳазор сарбоз аз Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои узв ширкат меварзанд. Размоишҳо дар майдонҳои Мумирак ва Ҳарбмайдон дар ҷануби кишвар доир мешаванд. Тамринҳо дар остонаи гуфтугуҳои «Толибон» ва раҳбарони минтақавӣ сурат мегирад, ки қарор аст, имрӯз дар Маскав баргузор гардад. Ин аввалин сафари намояндагони «Толибон» ба Русия аз замони ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон дар моҳи августи имсол мебошад. Ба ҳайати «Толибон» муовини дувуми сарвазир Абдул Салом Ҳанафӣ раҳбарӣ менамояд. Ҷаласаро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ифтитоҳ хоҳад кард. Сергей Лавров рӯзи 19-уми октябр дар ҳошияи нишасти гурӯҳи мубоҳисавии Валдай дар Маскав гуфт, масъалаи ба расмият шинохтани «Толибон» баррасӣ нашудааст. Дар ин байн Тоҷикистон, баръакси кишварҳои дигари минтақа гуфтааст, ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият намешиносад ва неруҳои изофиро барои тақвияти посбонии марзи 1400-километрии Тоҷикистону Афғонистон фиристодааст.

Utair гуфт, ки парвозҳои Сургут-Хуҷанд барқарор шудааст

Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Ширкати ҳавоии русии Utair парвозҳояшро аз шаҳри русии Сургут ба Хуҷанди Тоҷикистон барқарор кардааст. Тибқи нақша, ҳавопаймои ширкат ҳар рӯзи чоршанбе тариқи ин масир мусофиронро интиқол хоҳад дод. Намояндаи Utair гуфтааст, сокинони минтақа ба парвози мустақим ба Тоҷикистон ниёз доранд ва бинобар ин, шумораи парвозҳо низ афзоиш хоҳанд ёфтааст. Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия, ки бо сабаби пандемияи коронавирус муддате баставу баъдан маҳдуд шуданд, аз 27-уми август барқарор шудаанд. Он замон Оҷонсии авиатсия гражданӣ ваъда дода буд, ки нархи билетҳо то 40 фойиз арзон хоҳад шуд. Ҳоло аз се фурудгоҳи Тоҷикистон ба 14 минтақаи Русия парвозҳо амалӣ мешавад ва нархи билетҳо ба ҳисоби миёнп 2,5-4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нархе, ки ба гуфтаи бисёр мусофирон ҳамоно дандоншикан аст.

СММ: агар истеҳсоли ангишту нафт кам нашавад, баъди даҳ сол вазъи иқлим хатарнок мешавад

Корхонаи ангишт дар Румини

Як таҳқиқот, ки бо пуштибонии СММ барпо шудааст, мегӯяд, ба хотири он ки даҳ сол баъд гармоиши иқлим дар сайёра ба сатҳи бисёр хатарнок нарасад, бояд истеҳсоли ангишт, нафт ва газ дар ин муддат беш аз ду баробар кам шавад. Барномаи муҳитзистии СММ дар гузорише, ки 20-уми октябр нашр кард, мегӯяд, кишварҳо нақша доранд, ки истеҳсоли ангишту нафту газро дар поёни даҳсолаи оянда ду баробар зиёд кунанд ва ин бо пешбинии то 15 дараҷаи Селсия гарм шудани иқлим то соли 2030 мувофиқат намекунад.

Таҳқиқоти коршиносон мегӯяд, агар ҳам истеҳсоли ангишт коҳиш ёбад, тавлидоти газ дар 20 соли баъдӣ ба сатҳе боло мешавад, ки бо ҳарорати иқлиме, ки дар созишномаи Париж зикр шудааст, номутаносиб мешавад. Гузориши мазкур дар остонаи ҷаласаи муҳими муҳитзистӣ нашр шуд, ки бояд дар шаҳри Глазгоуи Шотландия барпо шавад ва яке аз машваратҳои муҳим барои огаҳӣ аз риояи шартҳои созишномаи Париж ба шумор меравад.

Плой Ачакулвисут, муҳаққиқи калони Пажӯҳишгоҳи муҳитзистии Стокҳолм ва яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, “натиҷаҳои таҳқиқот хеле паёми рӯшан медиҳад, ки бояд истеҳсоли ҷаҳонии ангишт, нафт ва газ билофосила коҳиш ёбад, то ки ба меъёри то 1,5 дараҷа Селсия боло рафтани гармоиши ҳаво мутобиқат кунад”. Ба гуфтаи ӯ, бо ин вуҷуд бисёр ҳукуматҳо то ҳол истеҳсоли маҳсулоти сӯзишвории табииро дар сатҳе ба нақша гирифтаанд, ки аз меъёрҳои масрафи амну бехатар барои иқлим убур мекунад.

Ба сокинони Пекин воксинаи сеюмро пешниҳод мекунанд

Мақомоти Чин, ки ба ташкили бозиҳои олимпии зимистона дар моҳи феврали соли оянда омодагӣ мебинанд, ба сокинони Пекин гирифтани воксинаи сеюми тақвиятдиҳандаро пешниҳод кардаанд. Гузориши як хабаргузории давлатӣ рӯзи 20-уми октябр мегӯяд, ки ба сокинони ҳанӯз ним сол пеш пурра эмшуда машварат шудааст, ки воксинаи сеюмро бигиранд. Пекин гуфтааст, ки бозиҳои олимпии зимистонаро дар шароити сахти беҳдоштиву риояи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ барпо мекунад, тамошои бозиҳо танҳо барои чиниҳо иҷоза дода мешавад ва аз ҳамаи варзишгарон талаб мешавад, ки пурра эм шуда биёянд, вагарна бо карантини 21-рӯза фаро гирифта мешаванд.

Дигар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ - Australian Open ҳам аз ҳама ширкатдорон талаб мекунад, ки пурра эм шуда баъд ба бозӣ биёянд ва рӯзи 20-уми октябр вазири муҳоҷирати Австралия гуфт, ки аз бозигарони хориҷӣ доштани ду воксина талаб карда мешавад. Ин талабот ширкати чанд варзишгари маъруф аз Сербияву Русия ва Олмонро, ки ба фоидаи эмшавӣ чандон бовар надоранд, зери суол мебарад.

Таркиши пурқудрате дар Сурия ҷони 13 нафарро гирифт

Он чи ки аз автобуси низомиён боқӣ монд. Акс аз ТВ давлатии Сурия, 20 октябр

Матбуоти давлатии Сурия гуфт, ки дар натиҷаи таркиши бомба дар шаҳри Димишқ, 13 нафар куштаву се нафар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории давлатии SANA гуфт, ки рӯзи 20-уми октябр лаҳзаҳое, ки як автобус бо низомиёни артиши Сурия аз рӯи пуле убур мекард, ду бомбаи сарироҳӣ таркид. Ҳодиса дар соатҳои субҳи барвақт, замоне, ки мардум ба кору таҳсил шитоб доштанд, рух дод. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар Сурия чандин гурӯҳи шӯришии мухолифи режими президент Башор Асад ва ҳам боқимондаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамоно фаъол мебошанд. Нирӯҳои Асад баъди ёрии низомии Русия ва Эрон ҳоло аксари қисматҳои Сурияро назорат мекунанд. Дар Сурия моҳи марти соли 2011 эътирозҳои зиддиҳукуматӣ сар зад ва кишвар вориди ҷанги 10-солаи шаҳрвандӣ шуд. Аз он замон то кунун 350 ҳазор кас кушта ва нисфи кишвар беҷо шудааст.

Дар Туркистони Қазоқистон коргарони кӯдакистонҳо ба эътироз баромаданд

Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон рӯзи 19-уми октябр бештар аз 100 тан соҳибон ва коргарони кӯдакистонҳои хусусӣ пушти дари ҳукумати вилояти Туркистон гирдиҳамоӣ карданд.

Онҳо талаби маоши бештар ва пардохти буҷаи сарикасии сесолаи кӯдакистонҳоро карданд.

Онҳо дар даст шиорҳои "Ҷонибдори баланд бардоштани маоши мураббиҳо!", "Меҳнати моро ҳам қадр кунед!" доштанд.

Дилбар Ҳабибова, яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ гуфт, дар чанд соли охир ба ҳисоби миёна сари кӯдак дар вилояти Туркистон 25 ҳазор танга ҷудо мешавад.

"Мо наметавонем, маоши мураббиҳоро бештар кунем, зеро ҳаҷми маблағи сарикасии кӯдакон афзоиш намеёбад", - гуфт Ҳабибова.

Коргарони кӯдакистонҳо дар шаҳр ва вилояти Туркистони Қазоқистон аз 40 то 70 ҳазор танга (аз 90 то 120 доллари ИМА мутаносибан) маош мегиранд.

Мақомоти вилояти Туркистон дар суҳбат бо эътирозгарон гуфтанд, ки аз буҷаи давлатӣ барои бештар кардани маоши коргарони кӯдакистонҳо маблағи изофӣ ҷудо нашудааст.

Баъди ин эътирозгарон ба номи президент номаи дастаҷамъӣ навиштанд.

Ба иттилои расмӣ, дар вилояти Туркистон 1424 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 1024-тои он хусусист. Теъдоди кӯдакон дар кӯдакистонҳои хусусӣ ба бештар аз 100 ҳазор мерасад.

Дар пойтахти Туркманистон даҳҳо "назоратгоҳ"-и пулис таъсис мешавад

Дар Туркманистон барои сохтани 20 нуқтаи назоратии пулис тендер эълом шудааст.

Ба иттилои нашрияи "Хроника Туркменистана", чунин тендер соли гузашта низ эълом шуда буд. Он замон нуқтаҳои назоратии пулис ҳамчун танзимгари тартиботи ҷамъиятӣ унвон шуда буданд.

Ин тендерро вазорати сохтмон ва муҳандисии Туркманистон бо фармоиши вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 15-уми октябр эълом кардааст.

Нуқтаҳои мазкурро бо технологияҳои муосир ва васоили расонидани ёриҳои аввалия муҷаҳҳаз хоҳанд кард.

Ба иттилои расонаҳо, ин нуқтаҳо шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ба бовари нозирон, таъсиси нуқтаҳои назоратӣ шаҳодати он аст, ки назорати пулис дар Туркманистон шадидтар мешавад.

Мирзиёев гуфт, 18 сол дар Тошканд бидуни қайд зистааст

Раисҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми октябр дар мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳраки донишҷӯёни ноҳияи Олмазори ин кишвар мушкилиҳои даврони кор дар пойтахтро ёдовар шуд.

Мирзиёев гуфт, сарфи назар аз таваллуд шуданаш дар вилояти Ҷизах ӯ аз 18-солагӣ дониш ва тарбияро аз мардуми Тошканд омӯхтааст.

"Ман дар ҳуҷраи иҷора мезистам ва мушкилиҳоеро дидаам. Ман бе сабаб ба масъалаи манзили зист ҷиддӣ бархӯрд намекунам. Ман 18 сол мушкили қайди маҳалли зистро доштам. Вале роҳи ҳалли ин масъала будааст", - изҳор дошт Мирзиёев. Вале вай дақиқ намегӯяд, ки чи гуна ин мушкилро мешавад ҳал кард.

Мирзиёев дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар бораи таъқибҳо низ суҳбат кард.

"Агар 100 000 донишманди моро таъқиб намекарданд, мо ҳоло дар бораи Эҳёи чорум суҳбат мекардем. Онҳо медонистанд, ки фарзандони мардуми бузурги узбек хеле неруманданд. Мо барои барқарор кардани сарчашмаҳои худ хеле корҳоро анҷом додаем, вале инҳо қадамҳои аввалинанд", - афзуд президенти Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев ба масъалаи Афғонистон ҳам дахл карда, гуфт, "мушкили аз ҳама муҳим ин аст, ки Афғонистон бе ҷангу гуруснагӣ тавонад зимистонро пушти сар кунад. Фикр мекунам, неруҳое низ, ки нав сари қудрат омадаанд, дар бораи мардуми худ фикр мекунанд".

Интихоботи президентии Узбекистон 24-уми октябр баргузор мешавад.

Нуриддин Холиқназаров муфтии Узбекистон интихоб шуд

Шӯрои уламои Узбекистон дар як ҷаласаи васеи худ Нуриддин Холиқназаровро раҳбари Идораи мусулмонон ва муфтии ин кишвар интихоб кард.

Холиқназаров аз моҳи августи соли 2019 сархатиби шаҳри Тошканд буд.

Ӯ 53 сол дошта, зодаи вилояти Андиҷони Узбекистон аст.

Раҳбари пешини Идораи мусулмонони Узбекистон Усмонхон Олимов 15-уми август дар синни 72 солагӣ даргузашт.

Ба ҷои Холиқназаров, собиқ имомхатиби ноҳияи Юнусободи Узбекистон Раҳматулло Сафуддинов сархатиби Тошканд таъйин шудааст.

Афзоиши фишорҳо дар остонаи интихоботи президентии Узбекистон

Алексей Гаршин

Фаъолони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон аз афзоиши фишорҳо дар арафаи интихоботи навбатии президентии ин кишвар шикоят мекунанд.

Фаъоли сиёсии узбек Алексей Гаршин, қи қаблан гуфта буд мехоҳад барои мубориза бо коррупсия дар он кишвар ҳизби нави сиёсиеро таъсис диҳад, мегӯяд, таҳти назорати сахт қарор дорад.

"Аз замони эъломи тасмими худ барои таъсиси ҳизби сиёсӣ зери назорати сахт ҳастам. Онҳо ҳар қадами маро назорат мекунанд. Ба ҳамаи фаъолоне, ки бо ман вохӯрдаанд ва ё тамос гирифтаанд, ошкоро таҳдид намудаанд", - изҳор дошт Гаршин.

Ҳукумати Узбекистон монеи сабтиноми ҳизби сиёсии "Ҳақиқат ва Тараққиёт" шуд, ки мухолифини он кишвар мехостанд, барои иштирок дар интихоботи президентӣ ба қайд гиранд. Раҳбарони гуруҳи ташаббускор зери фишору таъқибҳои гуногун қарор гирифтанд.

Хидирназар Оллоҳқулов, роҳбари ҳизби сабтнашудаи "Ҳақиқат ва Тараққиёт" дар Узбекистон гуфта буд, ки падару писар барои узвият дар ҳизб ҷазо гирифтаанд.

Вазорати адлияи Узбекистон 21-уми июли имсол дархости Оллоҳқуловро барои сабти номи ҳизби "Ҳақиқат ва Тараққиёт" рад кард.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон 24-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Нонвойҳои Ишқобод орд намеёбанд, ки нон пазанд

Камчин шудани орд дар Туркманистон боис шудааст, ки даҳҳо нонвойи шахсӣ дар шаҳри Ишқободи он кишвар баста ва садҳо коргар бе ҷойи кор монад. Ба гуфтаи як манбаъ, дар шаҳри Ишқобод ҳафтаи пеш бештар аз 30 нонвойхона баста шудааст.

"Дар баъзе аз онҳо, ба ҳисоби миёна, то 10 зан кор мекард", - гуфт манбаъ.

Соҳибони нонвойхонаҳо гуфтанд, орди истеҳсоли Туркманистон камчин шудаву орди воридотӣ гарон аст ва ин ҳолат имкон намедиҳад, ки нонвойҳо фаъолият кунанд.

"Орди истеҳсоли ватаниро бо нархи 10 манат барои ҳар кило мехаридем. Ҳамон орде, ки мебоист, дар мағозаҳо 1 манат барои ҳар кило арзиш дошта бошад. Мудирони фурӯшгоҳҳои давлатӣ онро ғайриқонунӣ ба мо мефурӯхтанд ва мо нон мепӯхтем. Ҳоло ҳамон ҳам камчин ва ноёфт шудаст. Орди воридотӣ 25 манат баро ҳар кило арзиш дорад, ки бо ин қимат намешавад, фаъолияти нонвойро пеш бурд", - гуфт соҳиби яке аз нонвойхона ба шарти ифшо нашудани номаш.

Мақомоти Туркманистон мушкили иқтисодӣ ва буҳрони ғизоиро дар кишварашон эътироф намекунанд. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ пайваста хабар дода мешавад, ки дар он кишвар солона 1 миллиону 400 ҳазор тонна ғалла истеҳсол мешавад.

Остин вориди Украина шуд

Ллойд Остин, вазири дифои ИМА дар Тифлис

Дар идомаи сафараш ба кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ вазири дифои ИМА Лойд Остин рӯзи 19-уми октябр аз Гурҷистон вориди Украина шуд. Ӯ баъди фуруд омаданаш дар фурудгоҳи шаҳри Киев дар Твиттераш навишт: “Ман барои намоиши пуштибонӣ аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва ормонҳои авроатлантикии Украина ва ҳам ӯҳдадории мо барои тақвияти тавонмандиҳои Украина дар муқобила бо таҷовузҳои ояндаи Русия ин ҷо ҳастам”. Дар ин сафар Остин бо президенти Украина Владимир Зеленский ва вазири дифоъ Андрей Таран гуфтугӯ мекунад. Дар паи низои миёни ҷудоиталабони рӯ ба Русия ва Киев дар шарқи Украина, ки аз соли 2014 то имрӯз боиси кушта шудани 13 ҳазору 200 нафар шудааст, ИМА пуштибониашро аз Украина намоиш дод. Ин низоъ баъди он сар зад, ки Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард ва бо маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.

Дар давраи бемории президенти Чех аз зарурати иҷрои салоҳиятҳои ӯ сӯҳбат мешавад

18-уми маи соли 2021, Прага. Президент Милош Земан савори аробача раиси ҷумҳурии Сербия Александр Вучичро пешвоз мегирад

Як мақоми Ҷумҳурии Чех гуфт, президент Милош Земан, ки беш аз як ҳафта дар шӯъби эҳёгарии як беморхонаи шаҳри Прага қарор дорад, ҳоло тавони иҷрои вазифаҳои кории худро надорад. Милош Вистричил, сухангӯи Сенати Чех ахиран дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, умеди хеле кам ҳаст, ки Земан ҳафтаҳои наздик сари кор бармегардад. Ӯ гуфт, парлумон бояд заминаҳои қонунии ин вазъиятро баррасӣ кунад, ки дар набудани президент кадом мақом метавонад салоҳиятҳои ӯро иҷро кунад. Земанро як рӯз баъди интихоботи парлумонӣ рӯзи 10-уми октябр ба беморхона интиқол доданд. Табибон гуфтанд, ки бемории президенти 77-сола ошкор нахоҳад шуд. Земан, ки ҳамчун як тамокукаши ашаддиву дӯстдори машруботи алкоҳолӣ маъруф аст, аз диабети қанд азият мешавад ва ҳафтаҳои ахир савори аробача ҳаракат мекард.

Имзои созишномаи ҳамкории дифоии ИМА ва Гурҷистон

Вазирони дифои ИМА ва Гурҷистон - Ллойд Остин ва Ҷавоншер Бурчуладзе

Дар поёни сафараш ба Гурҷистон вазири дифои ИМА Ллойд Остин созишномаи муқаддамотии идомаи пуштибонии низомии кишвараш аз Тифлисро дар пешорӯи “амалҳои бесуботкунанда”-и Русия имзо кард. Иҷрои созишномаи ҷорие, ки бо номи Барномаи омодагии дифоии Гурҷистон маъруф аст, моҳи маи соли 2018 шурӯъ шуда, поёни соли ҷорӣ ба охир мерасад. Созишномаи рӯзи 18-уми октябр миёни Остин ва вазири дифои Гурҷистон Ҷавоншер Бурчуладзе имзошуда ҷойгузини барномаи пешин мешавад. Раҳбари Пентагон гуфт, ки ин санад дар ҳамкориҳои амниятии ду кишвар саҳифаи наве боз мекунад ва “пойбанд будани ИМА ба пуштибонӣ аз Гурҷистон”-ро намоиш медиҳад. Барномаи нави ҳамкорӣ сармоягузории бисёрсола ба вазорати дифои Гурҷистонро дар назар мегирад.

Русия ва Гурҷистон моҳи августи соли 2008 як ҷанги кӯтоҳмуддате доштанд ва аз он замон нирӯҳои Русия дар хоки минтақаҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Маскав бо ҳама гуна талошҳои Гурҷистон барои узвияташ дар НАТО мухолифат мекунад.

Бастрикин: "Қирғизҳову тоҷикон буданд, акнун краснодариҳо ҳам пур кардаанд"

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия. Маскав, моҳи декабри соли 2019

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия, Александр Бастрикин, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае дар ниҳоди зери итоаташ муфаттишеро сахт танқид кардааст, ки аз шаҳри Анапа ба кор дар вилояти Ленингарди Русия омадааст.

Вебсайти 47news рӯзи 18-уми октябр сабти садои Бастрикинро нашр кард. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия дар онҷо гуфтааст: “...Ҳамаро пур кардаанд. Аз як сӯ осиёиҳо зер мекунанд, аз сӯи дигар қирғизу тоҷикҳо, акнун краснодариҳо ҳам пур кардаанд. Баргашта бирав.”

Ба навиштаи 47news, моҷаро ба таҳқиқи як парвандаи ҷиноии марги марде дар вилояти Ленинград рабт доштааст. Ба бовари модари қурбонӣ, ӯро ҳамсари собиқаш ё рақибони тиҷоратиаш бо газ заҳролуд карда куштаанд, вале тафтишот як ҳодисаи нохуш будани онро исбот кардааст.

Модари 79-солаи қурбонӣ аз рӯйи муфаттиши 26-солаи Кумитаи тафтишот, Владислав Мегрелов, шикоят карда, ӯро ба таҳқиқи ноодилона гунаҳкор кардааст. Дар ҷаласаи 13-уми октябр Бастрикин ин қазияро ба баррасӣ гирифта, аз ҷумла бо худи Мегрелов ҳам суолу ҷавоб кардааст.

Сомонаи 47news бо овардани суханҳои Бастрикин ӯро “як шахси дағалгуфтор, бадмуомила, таҳқиркунандаи зердастон ва ҳам мансабдори ёвагӯву “бедаҳан” муаррифӣ кардааст.

Манбаъ менависад, чунин рафтори раиси Кумитаи тафтишот, бахусус таҳқири кормандони зинаҳои поёнӣ ба хотири намояндаи минтақаҳои дур аз марказ буданашон “кайҳост мояи эътирози баъзе аз шуъбаҳои минтақавӣ шудааст”.

Дар ҷаласа Бастрикин ба маводи парванда назар карда, аз Мегрелов мепурсад, ки кадом донишгоҳро хатм карда ва дар куҷо таваллуд шудааст. Вақте муфаттиши ҷавон мегӯяд, аз шаҳри Анапа омадааст, раиси Кумитаи тафтишот аз ӯ мепурсад: “Пас чаро (баъди хатми донишгоҳи Санкт-Петербург) гашта, ба Кубан нарафтӣ?”

Баъди ин ба арзёбии намуди зоҳирии Мегрелов пардохта, мегӯяд: “На, ӯ аз мо нест, петербургӣ нест, на аз рӯи рафтор ва на аз рӯи чеҳра” ва баъди ин ба муфаттиш пешниҳод кард, ки “баргашта назди казакҳо” равад ва ё “пешхидмати кӯчагӣ” шавад.

47news менависад, худи ҳамон рӯз ҳоли Мегрелов бад шуд ва ӯро аз дохили шуъбаи ноҳиявии Кумитаи тафтишот мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурд.

Рӯзи 19-уми октябр дар вебсайти расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар бораи ин қазия изҳороте нашр шуд. Дар изҳорот аз номи намояндаи расмии Кумита С.Петренко омадааст, Мегрелов, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноиро ба уҳда дошт, “муддати дароз ҳодисаи рухдодаро танҳо ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ карда, хулосаҳои экспертизаро нодида мегирифт ва ба онҳо баҳогузорӣ намекард”.

Вале дар изҳороти Кумитаи тафтишот ҳеч ишора ва ё сухане дар бораи таҳқирҳои Батрикин бар асоси миллат ва ё маҳалли таваллуди шахс нашр нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва сиёсатшиносон дар Русия солиёни дароз аст, ки ба афзоиши эҳсоси бегонаситезӣ дар ҷомеаи ин кишвар ва ҳам вуҷуди чунин тамоюлҳо дар миёни мансабдорони баландпоя ишора мекунанд. Ба гуфтаи мунтақидони ҳукумат, баъди дар соли 2000-ум дар Русия сари қудрат омадани Владимир Путин, элитаи сиёсиву идории ин кишвар асосан аз ҳисоби зодагони шаҳри Санкт-Петербург - зодгоҳи президент ташаккул ёфтааст.

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ ин аст, ки маҳз дар давраи Путин дар Русия фаъолияти гурӯҳу созмонҳои бегонаситез афзоиш ёфт ва сиёсатмадорон шиори “Русия барои русҳо”-ро ба забон оварданд.

Русия фаъолияти ҳайаташ дар НАТО-ро бозмедорад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Русия гуфт, ки дар вокуниш ба хориҷ кардани ҳашт узви ҳайати он дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел дар моҳи ҷорӣ, фаъолияти ҳайатро бозмедорад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки кори намояндагии Русия дар НАТО шурӯъ аз 1-уми ноябри имсол боздошта мешавад ва аз ҳамон рӯз аккредитатсия ё парвонаи кории ҳайати НАТО дар Маскав ҳам бекор мешавад. Лавров гуфт, ки агар НАТО суоле дошт, ба сафири Русия дар Белгия муроҷиат кунад. Ӯ ҳеҷ шарте барои азсаргирии кори ҳайат пеш нагузошт. НАТО аз ин иқдоми Русия изҳори таассуф кардааст.

НАТО дар қарори рӯзи 6-уми октябраш гуфт, ки ҳашт корманди ихроҷшуда дар асл ходимони сохторҳои вижа буданд ва бо фаъолиятҳое машғул буданд, ки дӯстона набуданд. Инчунин дар қарори НАТО шумори ходимони ҳайати Русия аз 20 то 10 нафар коҳиш дода шуд.

Марди муттаҳам ба қатли Руфайдаи 8-сола "ба ҳабси абад маҳкум шуд"

Руфайда Иноятова севуним моҳ пеш кушта шуд

Волидони Руфайда Иноятоваи 8-сола гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар қатли фарзанди онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳи олӣ то ҳол дар ин бора расман хабар надодааст. Шарҳи пайвандон ва вакили мудофеи Гадоев низ дастрас нест. Маълум нест, онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд ё не.

Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 19-уми октябр эълон шуд. Вай гуфт, ҳақ надорад, дар бораи мурофиаи додгоҳӣ ҷузъиёт диҳад, вале ҳамзамон афзуд: "Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ҳукми додгоҳ розием. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад."

Назари ҷониби дигар то ин дам дастрас нест. Ба сабаби пӯшида будани мурофиаи додгоҳӣ хабарнигоронро роҳ надоданд ва, аз ин рӯ, маълум нест, Раҳматулло Гадоев ва вакили мудофеаш дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.

Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон расман шикоят мекунанд.

Матбуот: Дар ИМА гирифтани воксинаи фарқкунандаи сеюмро иҷоза хоҳанд дод

Идораи ғизову дорувори ИМА (FDA) омода аст, ки ба шаҳрвандони ин кишвар иҷоза диҳад, ки ҳангоми гирифтани воксинаи сеюми тақвиятдиҳанда аз воксинаи фарқкунанда аз ду воксинаи пешин истифода кунанд. Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр нашрияи The New York Times хабар дод. FDA моҳи гузашта барои афроди аз 65-сола болои пурра эмшуда гирифтани воксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро ҳамчун воксинаи сеюм иҷоза дод. Инчунин гирифтани воксинаҳои ширкатҳои Moderna ва Johnson & Johnson барои тақвияти муқовимати организм дар муқобили коронавирус машварат шудааст.

Айни замон, ба навиштаи ин матлаб, ҳукумати ИМА машварат намедиҳад, ки як воя воксина аз болои дигараш қабул шавад ва агар имкон бошад, беҳтар аст, ки воксинаи сеюми тақвиятдиҳанда айни аз ҳамон навъи ду воксинаи пешина бошад. Маълум нест, ки эълони расмии FDA как садо медиҳад.

Дар Санкт-Петербург маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 сахттар мешаванд

Дар оромгоҳҳои Русия шумори гӯрҳои нави қурбониёни коронавирус афзоиш меёбад

Дар пешорӯи афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус мақомоти Санкт-Петербург, дуюмин шаҳри калонтарини Русия маҳдудиятҳои иҷтимоиро сахттар мекунанд. Дар миёни тадбирҳои нав зарурати доштани маълумотномаи сиҳҳатӣ зикр шудааст, ки барои ворид шудан ба маъракаҳои серодам зарур мешавад. Борис Пиотровский, муовини раиси шаҳр гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми ноябр ба ҳангоми ворид шудан ба варзишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ, ки дар як вақт ҳузури беш аз 40 нафарро пешбинӣ мекунад, доштани QR-коди вазъи сиҳҳатии шахс ҳатмӣ мешавад.

Аз 15-уми ноябр маҳдудиятҳо инчунин дар ҳавзҳои оббозӣ, фитнес-сентр, театру синамо, музей ва сиркҳо ҷорӣ мешавад. Шурӯъ аз 1-уми декабр маҳдудиятҳо дар тарабхонаву фурӯшгоҳҳои ин шаҳри макони зисти 5 миллион аҳолӣ ҷорӣ мешавад. Маҳдудиятҳо ба қаҳвахонаҳои ҷойгиршуда дар истгоҳҳо, дорухона ва ҳам дӯконҳои хӯрокворӣ рабт нахоҳад дошт.

Баъди Маскав дар Санкт-Петербург шумори гирифториҳои нав ба коронавирус дар ҳоли афзоиши босуръат мебошад. Дар ин шаҳр дар 24 соати гузашта 3100 нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд ва аз замони оғози пандемия шумори беморшудаҳо 667 ҳазор ва ҳодисаҳои марг 22 ҳазору 964 нафарро ташкил додааст.

Мақомот дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди дастрас будани воксинаҳои зидди коронавирус, танҳо 32 дарсади аҳолӣ зидди COVID-19 эм шудааст ва ин масъала боиси афзоиши бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад.

Истеъфои Халилзод аз мақоми фиристодаи ИМА дар Афғонистон

Залмай Халилзод дар доираи салоҳиятҳояш борҳо бо мақомоти Тоҷикистон ҳам дидору гуфтугӯ кардааст

Баъди аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои ғарбӣ, Залмай Халилзод ҳам аз мақоми фиристодаи аршади ИМА дар ин кишвари ҷангзада канор рафт. Дар як изҳороташ рӯзи 18-уми октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, Халилзод, ки пеш аз дар Афғонистон сари қудрат омадани “Толибон”, музокиротро бо ин гурӯҳи исломӣ ба роҳ монда буд. Ҷои Халилзоди 70-соларо дар ин мақом Томас Вест ишғол мекунад.

Халилзод дар номаи истеъфояш аз корҳои кардааш ҳимоят кард ва айни замон эътироф кард, ки бархе корҳоеро, ки мехост, иҷро карда натавонист. Ӯ дар номааш ба Блинкен, аз ҷумла, навишт: “Машваратҳои сиёсии миёни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон”, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, пеш нарафт”. Ӯ афзуд: “Далелаш печида аст ва ман дар рӯзу ҳафтаҳои наздик назарамро дар ин бора иброз медорам”. Томас Вест, ки ба ҷои Халилзод таъин шудааст, дар даври охири музокирот бо “Толибон” дар Қатар ҳайати ИМА-ро намояндагӣ кардааст.

Ҳукми муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-сола эълон мешавад

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-соларо ба анҷом расондааст. Дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ имрӯз эълон шавад. Мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ҳеч тарафе дар бораи ҷузъиёти он намехоҳанд суҳбат кунанд.

Як ширкатдори мурофиа бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта додгоҳ сухани охирини айборшаванда ва вакили дифои онҳоро шунид ва ба хонаи машваратӣ рафт. Додрас гуфтааст, имрӯз 19-уми октябр ҳукми худро эълон хоҳанд кард.

Руфайдаи Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 4 июли соли равон аз назди манзилашон нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасади пора-пора шудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд. Дар қатли ин ноболиғ ҳамсояи 30-солаи онҳо Раҳматулло Гадоев гумонбар дониста мешавад. Аммо бо гузашти сеюмин моҳ аз ин ҳодиса назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG