Саркӯбшавии тазоҳуроти аҳзоби мухолифи ҳукумат рӯзи 7 ноябр аз сӯи полиси Гурҷистон таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро сӯи андешае бурд, ки раванди демократисозии ҷомеъа дар чаҳор сол пеш, баъд аз инқилоби садбаргӣ ба бунбаст ворид нашудааст? Бо гузашти як сол баъд аз ин ҳодиса ва доир кардани ду интихоботи баҳсбарангез ва ҷанг бо Русия дар Осетияи Ҷанубӣ, фишор болои раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дубора афзоиш меёбад. Ва аммо ҳанӯз рушан нест, ки раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат барои ҳамоҳангсозии амал ва ҳамкорӣ ба хотири баргузор кардани интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳури Гурҷистон комёб хоҳанд шуд ё на?
Тазоҳуроти соли гузашта дар Тифлис баъди он шурӯъ шуд, ки собиқ вазири дифоъ Ираклий Окруашвилӣ дар як сӯҳбати телевизионӣ раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва атрофиёни ӯро дар фасод, таборгарӣ ва талоши аз байн бурдани рақибони сиёсӣ муттаҳам кард. Ба думболи ин мусоҳиба Окруашвилӣ боздошт шуд, ва аммо аз ин пеш Ҷунбиши ваҳдати миллӣ - ниҳоди пуштибон аз раисҷумҳур Саакашвилӣ итиҳомоти вазири собиқро чун ҳарзае арзёбӣ кард, ки қобили посух додан ҳам нест. Боздошти Окруашвилӣ тақрибан 10 ҳазор мухолифини ҳукуматро дар маркази Тифлис ҷамъ овард – онҳо аз ҷумла, истеъфои раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва баргузории интихоботи порлумон дар моҳи апрелро талаб мекарданд. Аз ин пеш раисҷумҳур тасмим гирифта буд, ки ин маъракаи интихоботиро барои ним сол мавқуф гузорад.
Даҳ ҳизби оппозитсионӣ, даҳ ҳизб бо барномаҳои мухталиф, аз ҷумла, Ҳизби мардумӣ, Ҳизби кор, Ҳизби ҷумҳурихоҳон, “Роҳи Гурҷистон”, ҳизби “Гурҷистони воҳид”- и Окрушавилӣ дар як Шӯрои миллӣ муттаҳид шуда, эъломияеро пазируфтанд, ки дар он иттиҳомоти аз забони Окруашвилӣ садодода такрор мешуданд. Мухолифин аз вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар изҳори нигаронӣ ва Саакашвилию атрофиёни, ба гуфтаи онҳо, “фасодзада”-и ӯро дар “яккатозӣ, террори сиёсӣ, поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон” муттаҳам мекарданд. Шӯрои миллӣ ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукуматро ба гирдиҳамоии “Гурҷистон бидуни Саакашвилӣ” даъват кард, ки рӯзи 2 ноябр бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар шурӯъ шуд ва то дахолати полис дар субҳи рӯзи 7 ноябр идома дошт. Он субҳ полис барои пароканда кардани мухолифин аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурд.
Михаил Саакашвилӣ дар кишвар вазъи изтирорӣ эълон кард, дар ташкилу сармоягузории тазоҳурот Русияро муттаҳам намуд ва эълом дошт, ки рӯзи 5 январи соли 2008 интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳур доир мешавад.
Аҳзоби мухолиф аз ин маърака интизороти зиёд доштанд ва аз мақомоти пайваста талаб мекарданд, ки аз қонуншиканӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур парҳез намоянд. Мақомоти Гурҷистон Михаил Саакашвилиро барандаи интихобот эълон карданд ва раиси порлумон Давид Бакрадзе дар бораи пирӯзии раисҷумҳур қабл аз хатми ҳисобу китоби раъйҳо хабар дод.
Номзади ягонаи мухолифин Левон Гачечиладзе натоиҷи интихоботро, ки дар он гӯё аз Саакашвилӣ 53 дар сади афроди дорои ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд, зери шубҳа бурд ва ҳисобу китоби такрори раъйҳоро талаб кард. Ба гуфтаи ӯ, Саакашвилӣ тақрибан 46-48 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст ва аз ин рӯ бояд даври дуввуми интихобот доир шавад. Нозирони байнулмилалӣ ҳам қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни раъйдиҳиро ошкор намуданд ва аммо бо вуҷуди ин натоиҷи расмии интихоботро эътироф карданд. Онҳо фақат аз мақомот даъват карданд, аз ин қонуншиканиҳо дар интихоботи порлумонӣ, ки барои рӯзи 21 май таъин шуда буд, ҷилавгирӣ кунанд. Он рӯзҳо Михаил Саакашвилӣ барои нахустин бор хостори идомаи музокирот ва ҳалли мушкил бо Русияи ҳамсоя шуд.
Ва аммо “ҷанги сард” миёни Маскаву Тифлис боз моҳҳо идома дошт ва охири тобистон, баъд аз ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи ҷанубӣ ба ҷанги воқеӣ табдил шуд. Замони вуруди нерӯҳои Русия ба Гурҷистон бархе аз аҳзоби мухолиф барои нахустин бор дар атрофи Михаил Саакашвилӣ муттаҳид шуданд. Ва аммо ин иттиҳод дер давом накард - баъд аз эътидоли нисбии вазъ мухолифин алайҳи Саакашвилӣ иттиҳомоти нав эълон карданд ва ӯро аз ҷумла, дар тасмими саросемаву тарҳрезиношуда барои баргардонидани Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон айбдор намуданд.
Яке аз ҳампаймонҳои пешини Михаил Саакашвилӣ, собиқ раиси порлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе раисҷумҳурро дар иштибоҳҳои сангин муттаҳам намуд, ки аз як сӯ, ба гуфтаи ӯ, вазъи мардумро сангинтар кард ва аз сӯи дигар, ба афзоиши таъсири Русия дар минтақа мусоидат намуд. Нино Бурҷанадзе эълом дошт, ки дар Гурҷистон ба ҷои давлати демократӣ як режими худкома бунёд шудааст ва аз ин рӯ ҳизби тозатаъсиси ӯ - “Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид” ҳизби мухолифи ҳукумат хоҳад буд. Хонум Бурҷанадзе гуфт, ки анҷумани нахустини ҳизби нав рӯзи 23 ноябр, дар панҷумин солгарди “инқилоби садбаргӣ” доир мешавад.
Зимнан, рӯзҳои ахир расонаҳои Тифлис ҳарчӣ бештар дар он бора ҳадс мезананд, ки гӯё Ғарб талоши табдили раҳбари феълии Гурҷистонро дорад. Ва баъзе аз ин расонаҳо, Нино Бурҷанадзеро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раисиҷумҳур мехонанд. Худи Бурҷанадзе мутмаин аст, ки ин мавзӯъ на дар Ғарб ва на дар Русия, балки бояд дар худи Гурҷистон ҳаллу фасл шавад. Дар сӯҳбат бо BBC ӯ гуфт, ки “интихоби раисҷумҳур ва ҳукумат - ҳаққи мардуми Гурҷистон аст”. Нино Бурҷанадзе афзуд, ки дар ягон кишвари демократии ҷаҳон баъди аз даст додани як бахши қаламрав раҳбарият сари қудрат боқӣ намемонад. Ва аз ин рӯ, аз нигоҳи Нино Бурҷанадзе, дар Гурҷистон бояд интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор шавад.